Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Туркия

17.12.2012 18:00, Туркия

Яке аз чорабиниҳои муҳим дар шаҳри Қунияи Туркия, ки бо иштироки бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, анҷумани соҳибкорону тоҷирони ду кишвар буд.

Барои иштирок дар ин анҷуман беш аз 300 нафар соҳибкорону аз 2 кишвар ҷамъ омаданд, ки нишона аз таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкорӣ дар ин сатҳ аст.

Зимни суханронии худ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди босуръату бонизоми ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Туркия изҳори қаноатмандӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2011 ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду кишвар зиёда аз 600 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2010 ба андозаи беш аз 180 миллион доллар афзуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон 53 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи Туркия ба қайд гирифта шудааст, ки асосан дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон ва қисман коммуникатсияву саноати коркард фаъолияти судманд ба роҳ мондаанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки теъдоде аз ширкатҳои туркӣ ба ҳайси иҷрокунандаи корҳо дар татбиқи чандин лоиҳаҳои сохтмонӣ ва зербиноии муҳими Тоҷикистон саҳмгир мебошанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкону захираҳои фаровони истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни ду кишварро бевосита муаррифӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки сафари навбатии расмии ӯ ба Туркия ва мулоқоту музокироти сершумор бо роҳбарияти олии кишвар ва дигар сохторҳои он ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Таъкид гардид, ки соҳибкорону тоҷирони ду кишвар метавонанд дар ин раванд саҳми намоёну муассир дошта бошанд, зеро дар Тоҷикистон имрӯз фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ муҳайё гардидааст.

Дар охири анҷуман 3 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноат ва тиҷорати Туркия;

Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни ширкати Тамвили Тоҷикистон ва ширкати Туркмолли Туркия доир ба ҳамкорӣ дар сохтмони Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо дар шаҳри Душанбе бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520