Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавофуқот дар бораи бунёди 3 корхонаи нави саноатӣ бо ҷалби 122 миллион доллари амрикоӣ аз Туркия

18.12.2012 05:20, Туркия

Тибқи 4 санади нави ҳамкорӣ, ки дар охири анҷумани соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия ба имзо расид, бо ҷалби 122 миллион доллари амрикоӣ аз Туркия 3 корхонаи саноатӣ бунёд меёбад.

Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-Кола Ичечеки Туркия бунёди як корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои гуногунро бо ҷалби 70 миллион доллари амрикоӣ дар назар дорад.

Тибқи Ёддошти тафоҳум миёни ширкати Тамвили Тоҷикистон ва ширкати Туркмолли Туркия бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ дар шаҳри Душанбе як Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо сохта мешавад.

Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкати Фаровони Тоҷикистон ва ширкати туркии Дегирменчи Кардешлар бошад, дар ноҳияи Ҳисор корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори шабонарӯзии 150 тонна маҳсулот ва анбори ғалла бо ғунҷоиши 18 ҳазор тонна бунёд хоҳад ёфт. Корхона бо харҷи 2 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад ва дар он 150 кас соҳиби кори доимӣ мегарданд.

Танҳо ҳамин рӯз миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Туркия 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба имзо расидани 9 санади дигар рӯзи 18 декабр дар назар аст.
 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520