Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими “Шаби Арус”

18.12.2012 05:25, Туркия

Бегоҳи рӯзи 17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қунияи Туркия дар маросими “Шаби Арус”, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар рӯзи вафоти ин шоиру орифи оламшумул мебошад, иштирок намуд.

Ин маросим аз қироати пораҳо аз Маснавии Маънавии Мавлои Балх, ғазалиёти ирфонии ӯ ва ашъори дигари тоҷикию туркӣ аз дигар шоирон, ки дар васфи ин мутафаккири олами Шарқ суруда шудаанд ва ҳамчунин рақсу чархиши самоъ иборат аст.

Тавре аён гардид, забони асли Мавлоно, яъне форсии тоҷикӣ имрӯз ҳам дар маросими самоъ ва ё мавлонохонӣ мақоми хос дорад.

Тибқи маълумоти муҳаққиқони маҳаллӣ дар «самоъ» пӯсти сурх дар рӯи фарш нишонаи ҳазрати Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ аст. Мавлавиҳо, яъне пайравони Мавлоно дар оғози «самоъ» ба пӯсти сурх салом дода, ба ҷояшон гузашта менишинанд.

Ба болои пӯсти сурх Шайх омада менишинад ва заминро чун ба вақти саҷда дар намоз мебӯсад.

Мавлавиҳое, ки либоси сиёҳ дар бар доранд, зиндагии дунявиро таҷассум менамоянд. Лаҳзае, ки онҳо ба «самоъ» медароянд, либосҳои сиёҳро аз тан меафкананд. Ин маънои аз ҳаёти дунявӣ дур шуда, ба ҳаёти охират ворид шуданро дорад.

Сипас як нафар сарсамоъкор назди Шайх омада, барои «самоъ» иҷозат мепурсад ва бо иҷозати ӯ мавлавиҳо ба «самоъ» оғоз менамоянд.
Дар лаҳзаи «самоъ» самоъкунанда дасти рости ба тарафи боло ва дасти чапи ӯ ба поён чарх мезанад.

Ин кор маънои онро дорад, ки Худо чи файзу баракате, ки диҳад, мо онро ба мардум ва бандагонаш мерасонем.

Самоъ бо тиловати оят аз Қуръони Карим ба охир мерасад ва дар охир мавлавиҳо боз ба пӯсти сурх салом дода, пушташонро нагардонда, тарки саҳна мекунанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520