Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

18.12.2012 17:47, Туркия

Ташаккур ҳамтои гиромиқадр,
Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, мехостам дар ҳузури шумо бори дигар сипоси самимии хешро ба Ҳукумат ва мардуми кишвари дӯсти Туркия барои меҳмоннавозӣ ва ҳусни таваҷҷӯҳ нисбати ҳайати Тоҷикистон иброз намоям.

Мо аз натиҷаҳои музокироти имрӯза, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, эҳтироми мутақобила ва некхоҳӣ ба ҳамдигар баргузор гардиданд, қаноатмандем.
Ҷониби Тоҷикистон мулоқоту сӯҳбатҳои доиргаштаро идомаи мантиқии муколамаи созандаи байни роҳбарияти олии ду кишвар арзёбӣ менамояд.

Басо рамзист, ки сафари кунунии ҳайати Тоҷикистон ба Туркия давраи дар таърихи муосири муносибатҳои мо хотирмон – бистсолагии истиқрори равобити дипломатӣ миёни кишварҳоямонро анҷом мебахшад.

Тайи давраи сипаришуда ҳамшарикии кишварҳои мо марҳила ба марҳила рушд ёфта, имрӯз фарогири доираи васеи робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисоду иҷтимоиёт мебошад.

Дар ин замина мавзӯи муҳимтарини мулоқоту музокирот ин дарёфти роҳҳо ва воситаҳои густаришу таҳкими минбаъдаи онҳо буд.

Дар такя ба имкониятҳои зиёде, ки дар муносибатҳои ду кишвар мавҷуданд, мо хоҳишмандии худро ҷиҳати ғанӣ гардондани мазмуни ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои бунёдии иқтисод ва бахшҳои воқеии он таъкид кардем.

Соҳаҳои гидроэнергетика, фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёт, аз ҷумла саноати нассоҷӣ ва кимиё, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ҳамчунин туризм ба ҳайси самтҳои ояндадор муқаррар карда шуданд.

Дар баробари ин зарурати зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол ва тавсеаи структураи тиҷорати мутақобила қайд гардид.
Мо бар он ақидаем, ки робитаҳои гуманитарӣ омили муҳими таҳкими заминаҳои иҷтимоии дӯстии безаволи байни мардумони Тоҷикистону Туркия мебошанд.

Вобаста ба ин, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ изҳор кард.

Дар раванди музокирот якчанд санадҳои дуҷониба ба имзо расиданд ва ин амрро мо боз як иқдоми дигари тарафҳо ҷиҳати такони тоза бахшидан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди худ дар соҳаҳои зикргардида арзёбӣ менамоем.

Ҳамзамон бо мавзӯъҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба, мо масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳаёти байналмилалию минтақавиро мавриди мубодилаи афкор қарор додем.

Дар масоили сиёсӣ мо ҷонибдории худро аз идомаи ҳамшарикии созандаи байни ду кишвар бо мақсади дарёфти роҳҳои воқеии ҳаллу фасли мушкилоти минтақавию байналмилалии мавҷуда изҳор кардем.

Масъалаҳои таъмини амният ва тақвияти мубориза алайҳи таҳдидҳои замони муосир, ҳамчунин равандҳои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ва вазъи Афғонистон аз ҷумлаи он мавзуоте буданд, ки ба онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон ва Туркия дар мавриди масъалаҳои мазкур назари муштарак ва ё бо ҳам наздик доранд.

Зимнан, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳояшонро дар ин самтҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ тақвият бахшанд.

Бо нияти идомаи пурфайзи муколамаи байни ду кишвар дар сатҳи олӣ ман аз дӯсти худ, Президенти Ҷумҳурии Туркия, ҷаноби Абдулло Гул, даъват ба амал овардам, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон сафари дӯстона анҷом диҳанд.

Умедворем, ки ин сафар саҳифаи наверо дар муносиботи дӯстонаи ду кишвар хоҳад кушод.

Ташаккур.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520