Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ иштирок намуд.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин сарони дигар давлатҳои аъзои иттиҳод иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масоили татбиқи чорабиниҳои вобаста ба Самтҳои афзалиятноки рушди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Нақшаи татбиқи чораҳои муштарак доир ба камтарин намудани оқибатҳои бӯҳронҳои ҷаҳонии иқтисодӣ, тақвияти кори Бонки рушди Авруосиё доир ба қарзҷудокунӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишварҳои аъзои иттиҳод баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ду созишнома, ки яке дар бораи мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо ва дуюмӣ дар бораи ҳамкорӣ доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии корӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ мебошад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки “дар ин санадҳо манфиатҳои Тоҷикистон ҳам, ки оянда метавонад ба ин иттиҳод ҳамроҳ шавад, ба инобат гирифта шудааст”.
Зимни ҷаласа аз ҷониби сарони давлатҳо ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Консепсияи фаъолияти байналмилалии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои солҳои 2011-2013 ва барномаҳои “Технологияҳои инноватсионӣ” ва “Безараргардонии заминҳои таҳти таъсири истеҳсолоти уран қароргирифта”-и давлатҳои аъзои иттиҳод баҳои мусбӣ дода шуд.