Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

29.12.2012 10:37, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электоронӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҷрибаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал қабул гардида, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазорату идораҳоро бо мақсади дар онҳо ошкор ва баратраф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва дар маҷмӯъ низоми пешгирии коррупсияро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» низ маротибаи аввал қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, инчунин, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян менамояд.

Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоӣ, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муайян намуда, тамоми муносибатҳои ин соҳаро ба танзим медарорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» бо мақсади ҳифзи ҳавои атмосфера, барқарорсозии сифати он ва таъмини амнияти экологӣ қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим менамояд.

Инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электоронӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва дигар қонунҳои баимзорасида бо мақсади густариши муносибатҳо дар соҳаҳои дахлдор қабул гардидаанд.

Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд, давлат ва ҷамъият, танзими масоили шаҳрсозӣ, ҳифзи ҳавои атмосфера ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои баимзорасида рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520