Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

07.01.2013 11:08

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати 20-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.

Аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият Қазоқистон ва Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва бародариро, ки анъанаҳои бисёрасраи таърихию фарҳангӣ доранд, мунтазам густариш медиҳанд.

Дар ин ду даҳсола кишварҳои мо роҳи мушкили эъмори давлатдорӣ ва таҳкими соҳибистиқлолиро тай намуданд.

Мутмаинам, кӯшишҳои якҷояе, ки ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба равона шудаанд, ба азнавсозии босамари Қазоқистон ва Тоҷикистон, тақвияти мавқеи байналмилалии онҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҳарду кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти минбаъдаи муҳими давлатиатон муваффақият, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520