Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дидан кард

02.04.2011 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти сохтмони чанд иншооти ҷашнӣ, ки бояд то солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор бигиранд, дидан кард.

Тавре аён аст ва борҳо зикр гардидааст, тамоми ҷашну маросим ва идҳои умумимиллии Тоҷикистон, тибқи раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъаманд.

Ин аст, ки дар айёми таҷлили дуввумини ҷашни ҷаҳонии Наврўзи оламафрўз дар тамоми гўшаю канори Тоҷикистони азиз садҳо иншооти нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардид.

Ҷашни солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистони навин, ки мисли ҷавони навқади 20 – сола дар роҳи таҳкими давлату давлатдории миллати сарфарози тоҷик қадамҳои устувор мегузорад, бо ифтитоҳу ба кор даровардани садҳо иншооти бузурги истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ истиқбол гирифта хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрўз аз рафти сохтмон ва таҷҳизи ду иншооти бузурги ҷашнӣ, ки дар рўзҳои ҷашни солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт, дидан кард.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони Маркази фарҳангию фароғатии нави бошукўҳ, ки дар паҳлуи кўли ҷавонони ҷавони пойтахт, бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмону таҷҳиз аз наздик шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин марказ бо навтарину муосиртарин шароити фароғату дилхушӣ ва ҳамзамон бо назардошти аносири фарҳанги бостонии меъмории ниёгонамон, аз қабили кандакории нақшу нигори болои чўб, санг, оина, гач ва ғайра бунёд ёфта, як навъ таҷассумгари фарҳанги зебоипарастии миллати бостонии тоҷик мегардад, ки таърихаш аз чанд ҳазор сол пеш сарчашма мегирад.

Ин маркази бузурги фарҳангиву фароғатӣ, ки аз беҳтарин мавзеъҳои дидании шаҳри Душанбе хоҳад шуд, аз толорҳои ороишоти кандакории болои чўб, сангҳои дилфиреби табиати биҳиштосои Тоҷикистон, гачкорӣ, оинабандӣ ва ғайра иборат хоҳад буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони масъули сохтмону таҷҳизи он таъкид намуд, ки толорҳои марказ бояд тавре омода шаванд, ки дар он тамоми чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, илмию амалӣ, фароғатию дилхушӣ, аз ҷумла чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавию ҷаҳонӣ низ гузаронда шаванд.

Бояд таъкид намуд, ки айни ҳол дар ин ҷо беш аз 400 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гаштаанд ва баъди ба кор даромаданаш садҳо нафар кормандони соҳаи хизматрасонӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки қариб 300 нафари дигар барои омодасозии ороишоти чўбин, сангин, гачӣ ва шишагию оинагии ин маркази бузурги фарҳангию фароғатӣ дар корхонаи Сомон – сохтмони воқеъ дар шаҳри Душанбе машғули корҳои эҷодӣ ва кандакорию зиннатбахшӣ мебошанд.

Зимни боздид аз ин ҷо, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хушнудию сарфарозӣ изҳор дошт, ки ин корхона ба як мактаби хуби ҳунармандию ҳунаромўзӣ ва эҳёи фарҳанги бостонии зебоипарастии ниёгони мо табдил ёфтааст.

Тавре зикр гардид, дар коргоҳҳои кандакории болои чўб, санг, гач ва оинабандию шишабандии ин корхона наздики 300 нафар устоҳои гулдаст машғули коранд, ки бо маоши хуб ва шароити дилхоҳи кору зиндагӣ таъминанд. Онҳо бо завқи баланду дилгармӣ кор мекунанд, зеро барояшон хобгоҳи нағз, 4 маротиба хўроки гарм ва дигар шароити кору истироҳат фароҳам оварда шудааст.

Як корхонаи дигар, ки имрўз аз рафти сохтмону таҷҳизаш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дидан кард ва бояд то ҷашни солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кор дароварда шавад, ин корхонаи азими истеҳсоли кабелҳо ва дигар ноқилҳои ҳозиразамони барқӣ аст.

Бунёди ин корхона дар доираи тадбирҳои миллӣ доир ба коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ сурат мегирад, зеро дар навбати аввали корхона коркарди ниҳоии 12 ҳазор тонна алюминийи аввалия ва истҳсоли кабелҳою дигар ноқилҳои бозоргири барқӣ дар назар аст.

Тавре зикр гардид, ин корхона бо чунин техникаю технологияи муосири истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ намунаи нахустин аст ва маҳсулоти он дар бозори ҷаҳонӣ ва минтақавӣ рақобатпазир буда, харидорони бешумор дорад.

Баробари ба кор даромадани ин корхона барои 200 нафар ҷойҳои корӣ бо маоши баланд омода мегардад ва ин бо назардошти он, ки аксари корҳо ба таври автоматӣ иҷро хоҳанд шуд.

Дар навбати дуюми корхона коркарди мисс ва дигар металҳо ба роҳ монда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва таъмини рушди бемайлони иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бояд аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда бо ҳисси баланди ватандўстию масъулиятшиносӣ ва фидокорӣ истифода бурд, то ки Ватани азизи худро ба як кишвари пешрафтаю шукуфон табдил диҳем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520