Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Димитрис Ситсирагос

07.01.2013 18:48, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Димитрис Ситсирагосро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Аз афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2012, ки ба 7,5 фоиз расид ва таваррум, ки дар сатҳи 6.8 фоиз қарор гирифт, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба фаъолияти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо дар се соли охир аз ҷониби ин муассиса беш аз 42 миллион доллари америкоӣ маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод ва рушди низоми идорӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамзамон густариши минбаъдаи ҳамкорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини амнияти энергетикию озуқаворӣ, рушди инфрасохтор ва мусоидат ба сохторҳои молиявию ҳуқуқӣ барои беҳсозии пайвастаи фазои сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.

Таъкид шуд, ки аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши тиҷорати кишоварзӣ як қатор лоиҳаҳо дар марҳилаи амалишавӣ қарор дошта самтҳои асосии раванди ҳамкориҳо ба таъмини амнияти озӯқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва азхудкунии захираҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи ду ҷониб сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520