Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо гурўҳи сафирони кишварҳои Созмони амният ва хамкорӣ дар Аврупо

04.04.2011 12:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи сафирони кишварҳои Созмони амният ва хамкори дар Аврупоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

"Мо ин Созмонро яке аз ҳамшарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳем, ки дар чорчўбаи он ҳамкории пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта бошем", - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки асосан дар се самт – сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳамчунин аз фаъолияти Гурўҳи кории Созмон ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар ҷараёни суҳбат доир ба ҳамкории пурсамар дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пурзўр намудани ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ва аз минаҳо тоза кардани минтақаҳои наздисарҳадӣ гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Аз ҷониби сафирони кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба нақши Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот дар минтақа, хусусан дар роҳи барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳам эҳёи иқтисодиёти ин кишвари азияткашида баҳои баланд дода шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва беҳсозии фазои сиёсию ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520