Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров

17.01.2013 14:26, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкорию ҳамшарикии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, энергетика, тиҷорату сармоягузорӣ, муҳоҷирати корӣ ва ғайра баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, зоҳир гардид. Ба мувофиқа расондани лоиҳаи созишномаҳо дар бораи содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, муҳоҷирати корӣ ва тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия аз ҷумлаи онҳоанд.

Аз афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2012 беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки бо имзо шудани санадҳои нави баррасишаванда, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, таҳвили маҳсулоти нафтӣ ва саҳл намудани тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия, ин нишондод боз ҳам боло меравад.

Гуфутгӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили ҳамкории минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Русия, сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520