Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор

11.02.2013 18:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флорро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, иҷтимоиёт ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд.

Аз рушди муносиботи сиёсии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, афзоиши гардиши мутақобилаи молу маҳсулот ва дигар робитаҳои судбахш, ки солҳои охир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмими Иттиҳоди Аврупоро барои таҳияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 ва дар чаҳорчӯби он ба роҳ мондани механизми «Муколама оид ба амният»-ро дастгирӣ намуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои Афғонистон ва ҳамгироии муштарак дар самти мубориза бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520