Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов

12.02.2013 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогеновро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи молиявӣ, аз ҷумла рӯзномаи мизи мудаввари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё баррасӣ шуд.

Аз оғози сармоягузории ин бонк ба лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар Тоҷикистон ва дастгирии он аз бонкҳои саҳҳомии кишвар изҳори хушнудӣ карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки имконот ва арсаҳои густариши ҳамкорӣ дар оянда хеле зиёд аст.

Таъкид гардид, ки Бонки рушди Авруосиё ба сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои судбахш дар соҳаҳои энергетика, пеш аз ҳама гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, сайёҳӣ ва ғайра манфиатдор аст. Ба гуфти Игор Финогенов, барои ин ҳадафҳо ҷудо намудани 130 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок дар назар аст.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба рушду густариши ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520