Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Александр Зуев

14.02.2013 13:56, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаъолияти аз ҳама густурдаи СММ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Бо дастгирии 22 муассисаи СММ имрӯз дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ, обрасонӣ, энергетикаи хурд ва ғайра лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд. Қаноатмандии хоса аз ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ зоҳир гардид, зеро дар натиҷаи он ҳолатҳои фавти кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони навзод, ба маротиб кам шуда, шумораи гирифторони бемориҳои сироятӣ хеле коҳиш ёфт.

Тавре зикр гардид, натиҷаҳои намоён ҳамчунин дар самти тоза кардани ҳудуди Тоҷикистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда ба назар мерасад. То имрӯз 85% заминҳое, ки дорои чунин моддаҳои хатарнок буданд, аз онҳо тоза карда шудаанд.

Яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили глобалии об буд, ки таҳти васоёи СММ моҳи августи соли 2013 дар доираи «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2013 бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби СММ «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об» эълон гардидааст ва дар доираи ин ибтикор имсол дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон, аз ҷумла дар СММ чорабиниҳои гуногуни судбахш ба роҳ монда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520