Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи расмии терминали марказии шаҳри Душанбе

12.03.2013 11:20, шаҳри Душанбе

Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!

Дар даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва хусусан солҳои охир ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатиамон амалҳои неки созандаву ободкории мардуми заҳматкаш ва бонангу номусамон ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.

Дар остонаи соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи бостонӣ таъмиру азнавсозӣ ва бо шароиту таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидани терминали марказии мусофиркашонии пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе идомаи мантиқии амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии миллии мо, яъне тавассути кушодани роҳҳо ба чор самти олам, ба роҳ мондани робитаи нақлиётии тамоми манотиқи мамлакат бо пойтахти кишвар ва давлатҳои дуру наздик аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, бо истифода аз фурсат ба сармоягузорону ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар амалӣ гардидани лоиҳаи барқарорсозии терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе ва ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами он саҳми ватандӯстонаи хешро гузоштаанд, миннатдории Ҳукумати мамлакатро баён менамоям.

Субҳи имрӯз дар яке аз мавзеъҳои шаҳри Душанбе хишти аввали сохтмони бинои нави Маркази тиҷоратии замонавиро гузоштем ва изҳори умед мекунем, ки дар ин мавзеъ дар муддати якуним сол, яъне то сентябри соли 2014 силсилаи иншооту биноҳои хуштарҳу зебои замонавӣ қомат афрохта, тибқи нақша баъди ба истифода супоридани онҳо қариб се ҳазор нафар шаҳрвандонамон бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Бунёди иншооти мазкур дар майдони қариб се гектар пешбинӣ шуда, аз оғози сохтмони он 1500 нафар мутахассисону сохтмончиён бо ҷойи кор таъмин мегарданд ва он бо маблағи зиёда аз 200 миллион сомонӣ (30 миллион евро) сохта хоҳад шуд.

Итминон дорем, ки дигар соҳибкорони мамлакат чунин ташаббусҳои ватандӯстонаро дастгирӣ карда, бо бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва марказҳои тиҷоративу иморатҳои маъмурӣ барои рушди босуботи ояндаи Ватанамон ва ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон минбаъд низ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Қобили ёдоварист, ки саристгоҳ ё вокзали автобусҳои пойтахт тайи чанд соли охир аз фаъолият бозмонда буд ва бо ташаббуси роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии “Холдинг Контгрупп Тоҷикистон” дар муддати начандон тӯлонӣ якҷо бо шарикони сармоягузор бо сарфи 140 миллион сомонӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмону меъморӣ таъмиру таҷдид гардид ва имрӯз мавриди истифодаи мусофирон қарор дода шуд.

Дар терминали имрӯза барои мусофирон маҷмӯи хизматрасониҳои зарурӣ, аз ҷумла толори интизорӣ, навори ҷадвали ҳаракати автобусҳо, хазинаҳои чиптафурӯшӣ, намояндагии Бонки “Конт ИнвестБонк”, мағозаву қаҳвахона, хонаи модар ва кӯдак, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, инчунин барои воситаҳои нақлиёт истгоҳи калон ва нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалианд, омода ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар натиҷаи азму талоши масъулони татбиқи лоиҳаи мазкур 12 сайрхати дохили мамлакат эҳё гардида, зиёда аз 300 нафар ба ҳайси ронандагон ва ҳайати хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт, инчунин роҳбаладон аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ соҳиби ҷойҳои доимии корӣ шуданд. Инчунин дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ боз 400 ҷойи иловагии корӣ таъсис дода шавад.

Умуман баъди пурра ба охир расидани корҳои таҷдиду таҷҳизонидани терминал то якуним ҳазор шаҳрвандони мо бо ҷойҳои нави корӣ таъмин хоҳанд шуд ва то охири сол азхудкунии боз қариб 70 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Барои фаъолияти босамари терминал 40 адад автобусҳои мусофиркашони сатҳи байналмилалӣ, 40 адад нақлиёти сабукрави махсусгардонидашудаи истеҳсоли хориҷӣ ворид карда шудааст.

Ҳамчунин дарназар аст, ки вақтҳои наздик боз 300 адад автомашинаи сабукрав ва 50 адад автобусҳои замонавӣ ворид карда шавад.
Чунон ки баъди шиносоии наздик бо инфраструктураи терминал аён гардид, муҳайё гардидани маҷмӯи хизматрасониҳои замонавӣ имконият медиҳад, ки ба иншооти имрӯза мақоми “Терминали байналмилалӣ” дода шавад.

Вобаста ба ин, роҳбарияти ширкат ва сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати таъмин намудани низому реҷаи фаъолияти муназзами раванди мусофиркашонӣ ва таъмини бехатарии мусофирон, инчунин дар самти баланд бардоштани маданияти хизматрасонии нақлиётӣ тадбирҳои доимӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, Вазорати нақлиёт якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ба меъёрҳои замонавӣ мутобиқ намудани терминалҳои мусофиркашонии шаҳру вилоятҳо ва танзими реҷаи фаъолияти онҳо чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Илова бар ин, сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки бо истифода аз сармоягузории дохиливу хориҷӣ ҷиҳати бунёди инфраструктураи ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир дар терминалҳои мусофиркашонӣ ва дигар иншооти дахлдор дар шафати роҳҳои мошингард тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Солҳои охир дар натиҷаи тадриҷан амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои давлатӣ имкон фароҳам оварда шуд, ки роҳҳои мошингарди дохили кишвар ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ пайваст гардида, ҳамзамон бо ин, инфрасохтори зарурии ҳамлу нақли мусофирон ва молу маҳсулот созмон дода шавад.

Дар робита ба ин, бо мақсади мутобиқсозии заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва муҳайё намудани шароит барои иштирокчиёни ҳамлу нақли байналмилалӣ кишвари мо ба як қатор конвенсияву созишномаҳои байналмиллалӣ оид ба нақлиёт ҳамроҳ гардид.

Аз ин рӯ, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии масъалаҳои мусофиркашонӣ ва интиқоли молу маҳсулот бо истифода аз ҳамаи воситаву имкониятҳои мавҷуда мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Торафт вусъат пайдо кардани корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва бунёди роҳҳои мошингарди дохиливу аҳамияти байналмилалидошта, инчунин ҷорисозии шабакаҳои муосири коммуникатсионӣ махсусан солҳои охир боиси он гардиданд, ки Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои муҳими транзитӣ табдил ёбад.

Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2012 тавассути нақлиёти автомобилии мамлакат қариб 60 миллион тонна борҳои гуногун интиқол дода шуда, ҳаҷми умумии мусофиркашонӣ ба беш аз 500 миллион нафар расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 чандин баробар зиёд мебошад.

Ҳоло ҳаҷми боркашонии нақлиёти автомобилии мамлакат дар бозори хизматрасонии нақлиёти байналмилалӣ қариб 48 фоизро ташкил медиҳад.

Соли 2012 тибқи мувофиқа бо Барномаи ТРАСЕКА ва Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ коридори нақлиётии сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвари мо то Бандари Шерхон – Пули Хумрии Афғонистон ҳамчун “Шоҳроҳи намунавӣ” муайян карда шуд.

Ба ин хотир, моҳи сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаи ҷашнии барномаи ТРАСЕКА ва конфронси байналмилалии «Рушди иқтидорҳои транзитии Осиёи Марказӣ то давраи соли 2020» пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба ин, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар баробари амалӣ кардани тадбирҳо доир ба таъмини низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадиро васеъ ба роҳ монда, бо ин васила ба афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат намоянд.

Ҳукумати кишвар солҳои охир ба ислоҳоти сохтории соҳаи авиатсияи граждании мамлакат низ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, бо мақсади ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва роҳ ёфтани ширкатҳои ватанӣ ба бозори хизматрасониҳои байналмилалӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Ҷиҳати рушди соҳаи ҳамлу нақл то имрӯз қарорҳои дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон оид ба гузариши транзитии воситаҳои нақлиёт ва бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба соддагардонии расмиёти маъмурӣ дар раванди воридот ва содироти молу маҳсулот, инчунин татбиқи консепсияи «Равзанаи ягона» қабул гардидааст.

Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ кардани санадҳои қабулшуда ва бартараф намудани монеаҳои сунъиву маъмурӣ зимни мусофиркашонӣ ва барасмиятдарории молҳо дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар таҳияи намудани Созишномаи бисёрҷониба «Вобаста ба муҳайё намудани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии давлатҳои аъзои созмон» ва ҳамроҳшавӣ ба Созишномаи чорҷониба миёни Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Покистон «Дар бораи гузариши транзитӣ» иштироки фаъол намуда, ба ин васила имконоту шароити иловагиро ҷиҳати пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани мамлакат фароҳам меоварад.

Дар доираи барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ дар моҳи ноябри соли 2010 Созишнома «Дар бораи ҳамлу нақли бору мусофирон ва убури сарҳад» ба тасвиб расид.

Дар робита ба ин, аз ҷониби сарони се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг - Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар бораи таҷдид ва истифодабарии самараноки роҳҳо мувофиқатнома қабул гардидааст, ки бо амалӣ гаштани он фосилаи баромад ба бандарҳои баҳрӣ ду баробар кӯтоҳ хоҳад шуд.

Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати осону сабук намудани шароити интиқоли молҳо ва рафтуомади шаҳрвандон дар дохил ва берун аз марзи кишвар пайваста азму талош дорад.

Дар ин ҷода мо ба нерӯи созандаи соҳибкорони бонангу номус ва сармоягузорони ватанӣ такя мекунем ва итминони комил дорем, ки дар муҳлатҳои наздик бо саъю талоши якҷоя ҳамаи масъалаҳои марбут ба ин соҳаи муҳими кишварамонро ҳаллу фасл хоҳем кард.

Дар охир бори дигар ҳамаи шумоёнро ба муносибати оғози фаъолияти терминали марказии пойтахт табрик гуфта, ба сармоягузорони ин иқдоми нек изҳори сипосу қадрдонӣ менамоям ва ба ҳамаи саҳмгузорону соҳибкорон барори кор, ба ронандагони нақлиёт роҳи сафед ва сафари бехатар орзу дорам!

Ҳамеша саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520