Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гуфтугӯи телефонӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов

12.03.2013 17:02

Имрӯз дар нимаи дуюми рӯз миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт.

Сарварони ду кишвари бо ҳам дӯст дар мавриди вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва масоили муҳими ҳаёти минтақа мубодилаи афкор намуданд.
Дар суҳбат ба масоили баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Ашқобод доир мешавад, диққати хосса зоҳир гардид.

Сарварони давлатҳо муътақид буданд, ки вохӯриҳои дар доираи ҷашн доиршаванда ва гуфтушунидҳо имкон медиҳанд, то роҳҳои ҳалли масоили зиёде барои манфиати мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин дар маҷмуъ барои минтақа баррасӣ ва муайян шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520