Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер ба Тоҷикистон

13.03.2013 11:54, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз дар доираи барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер ба Тоҷикистон мулоқоти хоссаи ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва музокироти расмии сатҳи олӣ баргузор гардид.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер ба Тоҷикистон бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт. Меҳмони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқбол бо садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузориши горди фахрӣ ба меҳмони олимақом, гузашти роҳбарони ду давлат аз назди горди фахрӣ, арзи саломи меҳмон ба сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва ҳам бо корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфта, дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб идома ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Ҷумҳурии Австрияро мо аз ҷумлаи шарикони муҳиму боэътимоди худ медонем ва ҳавасманди рушди минбаъдаи ҳамёрии созанда бо он дар арсаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳастем”.

Ҳайнтс Фишер ҳавасмандии Австрияро ба густариши ҳамкории гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон таъкид дошта, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шудани кишвари моро “заминаи хуб барои тавсиаи робитаҳои судбахш” маънӣ дод.

“Мавқеи ба ҳам наздик ё монанд оид ба мавзӯъҳои умдаи байналмилалӣ, ки Тоҷикистону Австрия доранд, низ заминаи хуби сиёсӣ барои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар аст”, - изҳор намуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт ва сармоягузорӣ, аз ҷумла энергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нақлиёту иртиботот, истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва ғайра самтҳои ояндадори муносиботи ду кишвар номида шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Протокол ба Протоколи Конвенсия миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ ва андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

- Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи федеролии тиҷоратии Ҷумҳурии Австрия;

- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти стандартизатсияи Ҷумҳурии Австрия.

Хотиррасон бояд намуд, ки созишномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва Эъломияи муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба рӯзи 7 июни соли 2011 дар шаҳри Вена зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Австрия имзо шуда буд.

Пас аз маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни изҳороти матбуотии худ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер муносибатҳои Тоҷикистону Австрияро дорои дурнамои хуб номиданд.

Ҳайнтс Фишер, аз ҷумла изҳор дошт: Австрия дар соҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, роҳу пулҳо ва нақбҳои нақлиётӣ дар Аврупо пешсаф аст ва ман фикр мекунам, ки маҳз дар ин самтҳо мо метавонем бо Тоҷикистон ҳамкории босамари иқтисодӣ дошта бошем”.

Ӯ, ҳамчунин изҳор дошт, ки “масоили рушди Афғонистону Покистон ва умуман ин минтақа аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои судбахши минтақавӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз мавзӯъҳои асосии музокирот буд”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520