Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Австрия

13.03.2013 13:40, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори омма ва иттилооти ҳамагонӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, мехостам дар ҳузури шумо бори дигар қаноатмандӣ ва шодмонии ҷониби Тоҷикистонро аз сафари расмии ҳамтои гиромиқадри худ - Президенти Ҷумҳурии Австрия, ҷаноби Ҳайнтс Фишер ба Тоҷикистон иброз намоям.

Боздиди ҳайати воломақоми ҷониби Австрияро аз кишвари худ мо ҳамчун идомаи мантиқии муколамаи мунтазами байни ду кишвар дар сатҳи олӣ арзёбӣ менамоем.

Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Австрия бар асари мулоқоту музокироти имрӯза ҷанбаҳои нави ҳамёрии созандаро фаро хоҳанд гирифт.

Дар рафти мулоқоту музокироти ҳайатҳои ду ҷониб, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, ҳамраъйӣ ва мавқеъгирии созанда баргузор шуданд, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба ва самтҳои ояндадори онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дошт.

Ҳамзамон бо ин мо атрофи мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор анҷом додем, ки ҳамраъйӣ ва наздикии мавқеи ҷонибҳоро нисбати масъалаҳои умдаи байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн нишон дод.

Зимни баррасии роҳу имкониятҳои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди байни кишварҳоямон мо сари он ақида қарор гирифтем, ки дар ин муносибот ҳанӯз имконоти бузург мавҷуданд ва истифодаи ҳарчӣ фаъоли онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои тарафҳо мебошад.

Мо сатҳи муколамаи доимии сиёсии кишварҳоямонро баланд арзёбӣ карда, омодагии худро барои идомаи машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд тасдиқ кардем.

Мо, ҳамчунин ҳавасмандии ҷонибҳои худро ба ҳамкории минбаъда дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои махсуси он, инчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ, алалхусус Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо изҳор кардем.

Биноан ба майлу рағбати ҷонибҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи равобит ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми ду кишвар ишора карда шуд.

Дар ин замина ҷониби Тоҷикистон нияти худро ҷиҳати такони тоза бахшидан ба онҳо дар бахшҳои мухталифи тиҷорату иқтисод таъкид кард.
Аз ҷониби мо соҳаҳои бунёдии иқтисод ва бахшҳои воқеии он, аз ҷумла энергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, туризм, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, рушди шабакаи инфрасохторӣ ба ҳайси самтҳои ояндадор муқаррар карда шуданд.

Вобаста ба ин мо таваҷҷуҳи ҷониби Австрияро ба барномаву лоиҳаҳои иқтисодии худ, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи кишвар таҳия гардида, ҳамзамон аҳамияти минтақавӣ доранд, ҷалб кардем.

Дар баробари ин зарурати зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол ва тавсеаи структураи тиҷорати мутақобила қайд гардид.
Дар соҳаи амниятӣ кишварҳои мо ҷиҳати идомаи ҳамёрӣ дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар чаҳорчӯби сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба ҳамраъйӣ нишон доданд.

Вобаста ба ин вазъи Афғонистон ва дурнамои он аз ҷумлаи он мавзӯоте буд, ки ҷонибҳо ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Мо рушди минбаъдаи робитаҳои гуманитариро ҳамчун омили муҳими таҳкими заминаҳои иҷтимоии дӯстии байни мардумони Тоҷикистону Австрия арзёбӣ намудем.

Вобаста ба ин, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ изҳор кард.

Дар раванди музокирот якчанд санадҳои дуҷониба ба имзо расид ва ин амрро мо боз як иқдоми дигари тарафҳо барои тақвияти заминаи ҳуқуқии ҳамкории мутақобилан судманди худ дар соҳаҳои зикргардида арзёбӣ менамоем.

Мо амиқан аз он қаноатманд ҳастем, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти Австрияро гурӯҳи бузурги соҳибкорон ҳамроҳӣ менамоянд. Ҳамоиши иқтисодӣ, ки имрӯз бо иштироки президентҳо ва дӯстони австриягии мо баргузор хоҳад шуд, имкониятҳои нави барпо кардани равобити мустақими иқтисодиро байни субъектҳои хоҷагидори тарафайн фароҳам хоҳад сохт.

Мо итминон дорем, ки сафари ҳайати воломақоми Австрия ба Тоҷикистон марҳалаи нави муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои моро оғози накӯ хоҳад бахшид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520