Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ифтитоҳи Бизнес-Форуми Тоҷикистону Австрия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Австрия

13.03.2013 18:42, шаҳри Душанбе

Ҷаноби Олӣ, Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Австрия,
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ - аъзои ҳайати расмии Ҷумҳурии Австрия,
Мӯҳтарам намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ,
Дӯстони азиз ва ҳозирини гиромӣ,

Қаблан, бо камоли хушнудӣ ҳузури Шуморо дар Ҳамоиши имрӯзаи иқтисодӣ, ки бо ташаббуси доираҳои тоҷирону соҳибкорони кишварҳои мо баргузор мегардад, хайра мақдам мегӯям.

Ин вохӯриамонро, ки дар фазои озоду мусоиди корӣ доир мегардад, мо ба ҳайси фурсати муносиб ҷиҳати баррасии ҳадафмандонаи масъалаҳои ҳамкориҳои кунуниву ояндаи кишварҳоямон арзёбӣ менамоем.
Итминон дорам, ки табодули афкори мо атрофи самтҳои ҳамшарикии минбаъдаи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба густариши муносибатҳои созанда ва судманди кишварҳоямон дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла тиҷорату иқтисод мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз байни Тоҷикистон ва Австрия муносибатҳои гуногунҷанба ба роҳ монда шудааст ва ба қисмати иқтисодии онҳо таваҷҷӯҳи рӯзафзун зоҳир карда мешавад.

Музокироту сӯҳбатҳои имрӯзаи мо бо Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Австрия бори дигар нишон доданд, ки ҷонибҳо ба пешбурди воқеии ҳамкориҳои худ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию тиҷоратӣ манфиатдор мемонанд.

Умедворам, ки тавофуқоти дар рафти ин гуфтушунидҳо ҳосилшуда ба таъмини сатҳ ва мазмуну мундариҷаи нави онҳо хидмат хоҳанд кард.

Дар Тоҷикистон имрӯз тамоми шароити зарурӣ ва фазои муносиб барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар иқтисод фароҳам оварда шудааст.

Ҳоло барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, ҳамчунин содда гардондани қоидаҳои вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Дар Тоҷикистон шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон хел фарқият вуҷуд надорад.

Онро ҳам махсус қайд карданиам, ки соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи эътироф ва иҷро намудани ҳалномаҳои арбитражҳои хориҷӣ” аз 10 июни соли 1958 ҳамроҳ шуд. Инчунин дар ибтидои моҳи ҷорӣ мо чорабиниҳои вобаста ба аъзои комилҳуқуқ шуданамонро дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пурра ба анҷом расондем.

Изҳори боварӣ менамоям, ки ба таври комил ворид шудани мо ба равандҳои умумиҷаҳонии тиҷорат омили ҳамгироии бештар ва амиқтари Тоҷикистон ба низоми байналмилалии тиҷоратию иқтисодӣ хоҳад шуд.

Дар ин замина мо умедворем, ки муносибатҳои кишварҳои мо дар арсаи гардиши мол низ такони тоза хоҳанд ёфт.
Имрӯз Тоҷикистон лоиҳаҳову барномаҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҷолибро таҳия карда, нияти амалӣ гардондани онҳоро дорад.

Вобаста ба ин мехоҳам аз лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии гуногуниқтидор ва истифодаи дигар манбаъҳои таҷдидшавандаи тавлиди нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ёдовар шавам.

Дар шароити кунунии ниёзмандиҳои рӯзафзун ба нерӯи барқ чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар минтақа онҳо бартарии возеҳи иқтисодӣ доранд.
Иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон имконият медиҳанд, ки дар як сол то 530 миллиард киловатт - соат нерӯи барқи обӣ истеҳсол карда шавад.
Барои мо рушди соҳаи гидроэнергетика аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.

Мо ба ҷалби фаъоли ҷониби Австрия ба раванди ба кор андохтани имконоти бузурги Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика дар асоси судмандии мутақобила ҳавасманд ҳастем.

Ҳамзамон бо ин, мо ба такмили сохтории иқтисодиёт ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҳамчунин ба шароити имрӯза мутобиқ гардондани фаъолияти иншооти саноатии мавҷуда аз тариқи ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар онҳо диққати махсус медиҳем.

Самти дигаре, ки мехостам диққати шуморо ба он ҷалб намоям, ин лоиҳаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ мебошанд.

Ҳамаи онҳо, ба мисли барномаҳои гидроэнергетики мо дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ буда, аз лиҳози сармоягузорӣ фоидаоваранд.

Мо инчунин барои ҷалби сармоя ҷиҳати коркарди маъданҳои кӯҳӣ имкониятҳои васеъ дорем. Дар кишвари мо зиёда аз 600 кони захираҳои табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян, кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд. Аз онҳо қариб сад кон, ки дар онҳо тақрибан 40 намуди маъдан истихроҷ мегарданд, истифода мешаванд. Бояд қайд намуд, ки додани иҷозатномаҳо барои азхуд кардани сарватҳои зеризаминӣ дар асоси озмун амалӣ мегардад.

Имконоти аграрии Тоҷикистонро, ки парвариши номгӯи васеи сабзавоту меваҳо ва маҳсулоти техникиро дарбар мегиранд, низ ёдрас кардан зарур аст.

Мо ҳамчунин ба рушди соҳаи туризм, аз ҷумла туризми кӯҳӣ ва солимгардонӣ ҳавасмандем. Дар ин самт бунёди инфрасохтори дахлдор зарур аст.

Бо назардошти имкониятҳои ҷонибҳо, соҳаи саноати кимиё ва тиб ва истеҳсоли дорувориҳо метавонанд самтҳои дигари ояндадори ҷалби сармоя ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди моро ташкил диҳанд.

Айни ҳол дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ки дутои онҳо пурра амал дорад.

Дар ин минтақаҳо барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ ва иттилоотӣ, хидматрасонӣ ва ғайра шароити созгор ва ҳатто имтиёзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон ба ҷалби сармоя ва технологияи кишвари шумо барои рушди бахшҳои зикргардидаи иқтисодиёти худ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар онҳо ҳавасманд мебошад.

Мо омодаем, ки барои пешбурди ин амалия тамоми шароити муносибро фароҳам орем ва ниятҳои неки ширкату соҳибкорони Австрияро дар ин самт ҳамаҷониба дастгирӣ намоем.

Бо орзуи натиҷаҳои судовар аз мулоқоти имрӯза, ба ҳамаи шумо муваффақият ва бурдбориҳо орзумандам.

Марҳамат.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520