Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо хонандагону донишҷӯёни ятими муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мактаби байналмилалии президентӣ

15.03.2013 19:38, шаҳри Душанбе

Фарзандони азиз!

Имрӯз мо дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ қарор дорем. Ин ҷашн яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад.

Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадим ниёгони мо бо нияти нек ва ормони олӣ ҷашнеро асос гузоштаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, таҳаммулгароӣ, покиву садоқат, зебоиву нафосат ва бедориву заҳмат мебошад.

Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашни фархунда ва оғози соли нави аҷдодӣ табрик гуфта, ба ҳамаатон саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу менамоям.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар масъалаҳои муҳим фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷону камбизоатон ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ба ҳалли проблемаву мушкилоти ятимону бепарасторон эътибори ҷиддӣ медиҳад ва барои шароити хуби зисту зиндагии онҳо мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.

Чун сухан дар бораи таъмини ҳифзи иҷтимоии ятимон ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо меравад, зарур аст, ки ҳар як фарди ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдакони ятим ва ба воя расонидани онҳо ҳамчун мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ талош варзад.

Дар татбиқи ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, соҳаи маориф нақши ҳалкунанда дорад. Бинобар ин, Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ чунин муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадоранд, ки барои татбиқи ҳадафҳои зикргардида аз тамоми имконот истифода намоянд.

Маълум аст, ки рушду тараққиёти мамлакат бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор алоқаманд аст. Бинобар ин, агар ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва ба миллату ватан содиқ имрӯз бо масъулият муносибат накунем, ифтихори миллии мо гирифтори зоҳирпарастӣ шуда, дар доираи ному дастовардҳои бузургони гузаштаамон маҳдуд мемонад.

Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки амиқи ин рисолати таърихии худ саъю талош менамояд, ки ҷавонони мо соҳиби саводу дониши мукаммал, илму маърифат ва ҷаҳонбинии васеъ гарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, донишу ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, бархурдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илмиву техникӣ ва ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намудани онҳо доим чораҷӯӣ намуда, дар ин замина тамоми шароиту имконотро муҳайё месозад, ки ҷавонони мо дар оянда номбардори ин марзу бум ва хоки муқаддасу азизи Тоҷикистон бошанд.

Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таъмиру азнавсозӣ ва барқароркунии муассисаҳои таълимии мавҷуда таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар ин замина солҳои охир бо мақсади таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва беҳбудии шароити мактабҳои олии кишвар корҳои зиёде ба анҷом расидаанд.

Дар замони муосир ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироот дар бисёр кишварҳо аз курсҳои аввали макотиби олӣ оғоз мегардад.

Гарчанде дар кишвари мо низ ҷавонон ба корҳои илмиву тадқиқотӣ ҷалб карда мешаванд, вале ҳоло ин моро қаноатманд карда наметавонад.
Дар ин самт фаъолияти роҳбарони мактабҳои олӣ ба таври мақсаднок ба роҳ монда нашудааст.

Хусусан донишҷӯёни ятим ба корҳои илмиву тадқиқотӣ кам ҷалб шуда, баъд аз хатми донишгоҳу донишкадаҳо ба аспирантура ва докторантура фаро гирифта намешаванд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки донишҷӯён, хусусан ятимон аз курсҳои аввал барои пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ ҷалб карда шаванд, то барои дохил шудани онҳо ба аспирантура ва докторантура заминаи воқеӣ гузошта шавад.

Ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон 360 нафар ятимон таҳсил менамоянд. Миёни онҳо донишҷӯёни лаёқатманд, дорои донишу фаҳмиши сатҳи баланд кам нестанд.

Лекин қобилияту истеъдод, майлу хоҳиши ба корҳои илмву тадқиқотӣ ва ихтироъкорӣ доштаи чунин истеъдодҳо бинобар камтаваҷҷуҳии масъулини баъзе муассисаҳои таҳсилоти олӣ ноаён мемонад.

Мо бояд иқрор шавем, ки аз нерӯи ақлонии ҷавонони кишвар то ҳанӯз ба таври лозимӣ истифода намекунем.

Бинобар ин, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки ба масъалаи ҷалби ятимон ба корҳои илмӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ятимон - донишҷӯёни лаёқатманду боистеъдодро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.

Ҳар як кашфиёту ихтирооти онҳо бояд қадрдонӣ шавад. Мо бояд донем, ки дар кадом донишкадаву донишгоҳ чанд нафар ятимон - донишҷӯёни лаёқатманд, муҳаққиқон, навоварону ихтироъкорон ё роҳбарони оянда таҳсил доранд.

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистон дар оянда рушду нумӯъ ёбад, ободу осуда гардад, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоду ҷӯянда ва ихтироъкору эҷодкор ҳамаи заминаҳои мусоидро муҳайё созем, то ки онҳо тавонанд бо корҳои сермаҳсули илмиву эҷодӣ ва навоварӣ машғул бошанд.

Донишҷӯёни азиз!

Тавре огоҳ ҳастед, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Тоҷикистон тавассути стипендияи байналмилалӣ ҳар сол садҳо нафар ҷавонон ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода мешаванд.

Тибқи маълумоти мавҷуда теъдоди донишҷӯёне, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, ҳоло беш аз шаш ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки миёни онҳо донишҷӯёни ятим хеле каманд.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳоро зарур аст, ки минбаъд ба ин масъалаи муҳим диққати махсус диҳанд.
Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, зеро дар оянда масъулияти давлату давлатдорӣ ва рушди кишвар бар уҳдаи онҳо қарор мегирад.

Аз ин рӯ, мо бояд насли наврасро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоем, онҳоро ҳарчи бештар ба илму касбомӯзӣ ҷалб кунем ва дар миёни наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро фаъолона ва мунтазам тарғиб созем.

Чун сӯҳбати мо дар остонаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз сурат мегирад, наметавон дар бораи яке аз рукнҳои ин иди аҷдодӣ, яъне бахшоишу меҳрубонӣ ҳарф назанем. Хайру саховат, гирифтани дасти ятимону муҳтоҷон хислати азалии миллати тоҷик ба шумор меравад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ман аз мардуми шарифи Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон шахсони саховатманду саховатпеша ва хайрхоҳ даъват ба амал оварда, таъкид карданиам, ки дар ҳалли мушкилоти ятимону маъюбон, бепарасторону камбизоатон ва беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии онҳо кӯмаку ёрмандӣ расонанд.

Гузаштагони мо беҳуда нагуфтаанд, ки «дили ятимону мискинонро ба даст овардан баробар ба ҳаҷҷи акбар буда, парасторӣ ва нигоҳубини шахсони мӯҳтоҷ аз савобтарин амалҳост».

Худо накӯкорон ва шахсонеро, ки аъмоли шоиста анҷом медиҳанд, дӯст медорад ва ҳар фарде дорои дасти сахову эҳсон бошад, умраш зиёда мегардад ва ҳар шахсе дили нозуки кӯдакони ятимро шоду масрур гардонад, кораш пешрав ва баракати хонаводааш афзун мешавад.

Дар ин ҷо махсус ба ҳамаи онҳое, ки бо меҳру муҳаббати хос ба нигоҳубину парасторӣ ва таълиму тарбияи ятимон машғуланд, инчунин ба тамоми роҳбарони идораву муассисаҳо ва шахсони ҳимматбаланду саховатманд, ки дасти ёриашонро аз онҳо дареғ намедоранд, самимона изҳори сипос менамоям.

Мову шумо вазифадорем, ки бо адои ин рисолати ниҳоят муҳим дар ҳифзи иҷтимоии ятимон саҳмгузор бошем, то ҳар яки онҳо худро озод ҳис намуда, нерӯи зеҳниву ҷисмонии хешро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва рушду ободии Ватани азизи худ, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори осуда ва босаодати халқ, инчунин баланд бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона карда тавонад.

Ҳамзамон, таъкид месозам, ки ӯҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии ятимон, сарфи назар аз мушкилоти муайяни иқтисодиву молиявӣ пурра таъмин карда мешаванд.

Дар ин самт масъалаҳои таълиму тарбия, касбомӯзӣ, ба ҷои кори муносиб таъмин кардан, шароити зисту зиндагонӣ, пардохти стипендияву ҷубронпулиҳо ва дигар кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Ман бори дигар ба ҳар кадоми шумо - толибилмони азиз ва ҷавонони боғайрати Ватани соҳибистиқлоламон муроҷиат карда, таъкид менамоям: ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ танҳо бо илму дониши пухта, ифтихори баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватанпарастиву дарки масъулияти ватандорӣ муяссар мешавад.

Шуморо, хонандагону донишҷӯёни гиромӣ ба он даъват менамоям, ки дар пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва бо ҳисси воқеии худшиносиву меҳанпарастӣ анҷом додани ҳама гуна кору фаъолият ва дар навбати аввал омӯхтани илм ва азхуд кардани касбу ҳунар кӯшиш ба харҷ диҳед.

Дар оянда ҳамчун мутахассисони баркамол ба воя расида, дар рушду нумӯи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоред. Барои ба ин мақсадҳо ноил шудан ба ҳар кадоми шумо муваффақият орзу менамоям.

Наврӯзи оламафрӯз, яъне соли нави аҷдодӣ муборак бошад, фарзандони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520