Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ҳангоми боздид аз хонаи бачагон воқеъ дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик

18.03.2013 16:58, ноҳияи Темурмалик

Устодон ва тарбиятгирандагони азиз!
Мӯҳтарам фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳия!
Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо - устодону толибилмони хонаи бачагон ва намояндагони мардуми шарифи ноҳияи Темурмалик дар арафаи таҷлили ҷашни бостонии халқамон - Наврӯзи оламафрӯз, ки дар масири таърихи куҳани тоҷикон собиқаи беш аз панҷҳазорсола дорад, баргузор мегардад. Ниёгони некноми мо аз давраҳои қадимтарин ин рӯзи фархундаро дар оғози фасли баҳор, ки ба табиати диёрамон қабои тоза, ба хонадони мардум файзу баракат ва ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб меорад, ҷашн мегирифтанд.

Бинобар ин, ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни зебои эҳёи табиат, яъне Наврӯзи хуҷастапай, ки солҳои охир ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил карда мешавад, табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракати наврӯзӣ ва ба шогирдони ин махзани илму дониш таҳсили хубу аъло орзу менамоям.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлолият соҳаи маориф ва махсусан ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, дастгирии мунтазами ятимону бепарасторон ва фароҳам овардани шароити зарурии таҳсил ва кору фаъолиятро барои онҳо ҳадафи муҳимтарини худ қарор додааст.

Зеро тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварад.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар теъдоди муассисаҳои навъи хона-интернат ва мактаб-интернат 50 фоиз ва ҷалби кӯдакон ба онҳо бештар аз 60 фоиз афзоиш ёфтааст. Яъне дар кишвари мо, бо вуҷуди мушкилоти муайяни иқтисодиву молиявӣ шумораи муассисаҳои махсусгардонидашуда барои кӯдакони ятиму бепарастор ва онҳое, ки имконияти маҳдуди ҷисмониву равонӣ доранд, натанҳо коҳиш наёфт, балки бамаротиб зиёд карда шуд.

Имрӯз дар мамлакат 84 мактаб-интернат амал мекунад, ки 76 адади онҳо тобеи Вазорати маориф ва боқимонда ба дигар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ марбут мебошанд.

Барои беҳтар намудани шароити будубоши тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, яъне ятимон ва кӯдакони бепарастормонда тайи чанд соли охир як қатор тадбирҳои иловагӣ андешида шуданд. Дар баробари маблағҳое, ки аз буҷети давлат барои таъминоти мактаб-интернатҳо пешбинӣ мешаванд, ҳамчунин тибқи Амри Президенти мамлакат аз 12 январи соли 2008 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ҳамчун сарпараст ҷиҳати расонидани кӯмаки доимӣ ба чунин муассисаҳо вазифадор карда шудаанд.

Вобаста ба ин масъала ман борҳо изҳор дошта будам ва бори дигар таъкид месозам, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз намегузорад, ки ятимон ва кӯдакони бепарастор, шахсони пиронсолу барҷомонда ва маъюбону мӯҳтоҷон хору зор шаванд, худро дар зиндагӣ яккаву танҳо, бепарастор ва беҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд.

Аз ин рӯ, ман ба ҳамаи онҳое, ки бо меҳру муҳаббати модарона ва дарёдиливу эҳсони падарона ба нигоҳубину парасторӣ ва таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бесаробон, инчунин маъюбон ва пиронсолони барҷомонда машғуланд, самимона изҳори сипос менамоям.

Ҳукумати мамлакат хусусан солҳои охир як қатор иқдомоти созандаро амалӣ гардонид, ки ҳадаф аз онҳо беҳтар намудани шароити истиқомат ва таълиму тарбия дар чунин муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Аз ҷумла, сохтмони хобгоҳ дар назди мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳияи Рашт тибқи нақша то моҳи майи соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода шуда, таъмири хобгоҳ барои духтарони мактаб-интернати кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб низ рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.

Ҳамчунин тибқи супориши Президенти кишвар сохтмони бинои таълимии мактаб-интернат барои кӯдакони ятими ноҳияи Тавилдара ва хобгоҳи он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ асосан ба анҷом расонида шудааст.

Вақтҳои наздик мактаб-интернати низомаш махсус дар ноҳияи Ҳисор пурра азнавсозӣ карда мешавад.

Бояд таъкид намоям, ки дар солҳои душвори сиюми асри гузашта, ки дар деҳоти дурдасти кӯҳистон мушкилоти зиёд, аз ҷумла норасоии китобҳои дарсиву кадрҳои омӯзгорӣ сахт эҳсос мешуд, таъсиси мактаб-интернати Танобчӣ ба раванди саводнок шудани кӯдакони ин минтақа такони ҷиддие бахшид.

Хонаи бачагони Танобчӣ соли 1933 ҳамчун мактаб-интернат ба фаъолият шурӯъ намуда, моҳи августи соли 1956 ба хонаи кӯдакон табдил дода шуд. Ташнагони илму дониш аз деҳоти дурдасти Балҷувону Ховалинг, Сарихосору Чубек ва Кӯлобу Данғара ба ин мактаб омада, бо завқу ҳавас мехонданд. Ҳоло ҳазорон нафар хатмкардагони ин муассиса дар соҳаҳои гуногун сарбаландона фаъолият менамоянд.

Айни замон дар хонаи бачагони Танобчӣ 128 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Сафар ва дидорбинии Роҳбари давлат аз хонаи кӯдакони деҳаи Танобчӣ, ки бори дуюм сурат гирифта истодааст, нишонаи таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумо - фарзандони азиз мебошад.

Дар сафари қаблӣ ман изҳор дошта будам, ки сохторҳои дахлдорро барои сохтмони бинои нави хобгоҳ вазифадор менамоям. Инак, дар муддати начандон тӯлонӣ сохтмони он ба анҷом расид.

Бинои сеошёнаи хобгоҳ, ки ҳоло мавриди истифода қарор дорад, ба талаботи меъёрҳои замонавӣ ҷавобгӯ буда, дар он барои таҳсил ва фароғати тарбиятгирандагон ҳамаи шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Дар навбати худ, тозаву озода нигоҳ доштани он, утоқҳои таълимӣ ва хобгоҳ, инчунин бо истифода аз ин шароити мусоид бо баҳои хубу аъло таҳсил намудан ва соҳиби илму дониш ва касбу ҳунари замонавӣ шудан вазифаи шумо-тарбиягирандагони азиз мебошад.

Дар баробари ин, ба амал баровардани талаботи Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бояд ҷузъи таркибии фаъолияти ҳаррӯзаи ҳамаи кормандони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ҳар як корманди мактаб-интернат бошад.

Дар ин самт зарур аст, ки назорати иҷрои муқаррароти қонуни мазкур дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, махсусан мактаб-интернатҳо боз ҳам таҳким бахшида шавад. Дар мактаб-интернатҳо рафтору гуфтор ва риояи ҳамаи рукнҳои таълиму тарбия бояд ҳамеша зери назорати омӯзгорону мураббиён қарор дошта бошад.

Тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифтани духтарону писарон аз деҳаҳои дурдаст ва дар ин самт додани имтиёзи бештар ба кӯдакони ятиму бепарастор, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва дигар ғамхориву имтиёзҳо гувоҳӣ он аст, ки Ҳукумати мамлакат барои муҳайё намудани шароити хуби кору зиндагӣ барои ин гурӯҳи осебпазир пайваста талош меварзад.

Ҳукумати кишвар минбаъд низ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи таълиму тарбия ва таъминоти мактаб - интернатҳо чораҷӯӣ хоҳад кард.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам бори дигар таъкид намоям: ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону кӯдакони бепарастор ва дароз кардани дасти хайру сахо ба онҳо вазифаи ҳар як фарди бонангу номус, соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша низ мебошад. Зеро онҳо фарзандони мову шумо ва давомдиҳандагони кору фаъолияти мову шумоянд.

Шукргузорӣ аз неъматҳои Офаридгор ва кӯмаку меҳрубонӣ кардан ба ҳамдигар аз хислатҳои хеле қадим ва наҷиби миллати мо буда, махсусан дар арафаи рӯзҳои иду маросимҳо дили озурдаи касеро ба даст овардан ва нисбат ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, мӯҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат хайру саховат кардан амали ниҳоят савоб мебошад.

Чунки хайру сахо кардан аз ҷумлаи воҷиботи дини ислом ба ҳисоб меравад ва Парвардигори олам дар ояи 36 сураи «Нисо» дар ин бобат чунин фармудааст: «Ба падару модар, ба хешону ҳамнишинони наздик, ятимону гадоён ва мусофирон накӯкорӣ кунед!».

Ҳамчунин Худованди мутаол дар сураи “Анъом” мефармояд: “Ҳар кӣ некие оварад, ӯро даҳчанд подош медиҳем”.
Ё ки бузургони мо фармудаанд: «дилеро ба даст овардан баробари тавофи хонаи Худо кардан аст».

Ба ин маънӣ яке аз шоирони классикамон гуфтааст:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Дар ҷои дигар гузаштагони хирадмандамон гуфтаанд:

Як дили ғамзадаро гар зи карам шод кунӣ,
Беҳ зи сад масҷиди одина, ки обод кунӣ.

Ба идомаи ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҳоло ба Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматӣ супориш медиҳам, ки вазъи воқеии мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятиму бепарастори деҳаҳои Арал ва Кадучии ноҳияи Восеъ, деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, ду мактаб-интернати шаҳри Кӯлоб, хонаи бачагони ноҳияи Фархор ва мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Ҷалолиддин Румӣ ва Вахшро ҳамаҷониба омӯхта, сметаи хароҷоти таъмиру азнавсозӣ ва таҷҳизонидани онҳоро дар муддати кӯтоҳтарин ба Президенти кишвар пешниҳод намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Боиси қаноатмандист, ки мардуми шарифи ноҳияи Темурмалик низ чун дигар сокинони шарафманди Ватани маҳбубамон дар татбиқи амалҳои неку созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми ватандӯстонаи худро гузошта истодаанд.

Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи Темурмалик ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст.

Масалан, дар ду моҳи соли ҷорӣ ба ноҳия аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти саривақтии маошу нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ қариб ду миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок равона карда шудааст, ки нисбат ба қисми даромади буҷети ноҳия беш аз ду баробар зиёд мебошад.

Агар қисми даромади буҷети ноҳия дар соли 2012 ҳамагӣ беш аз 5,2 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои мутамарказонидашудаи вазорату идораҳо барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 17 миллион сомонӣ равона карда шудаааст.

Ҳамзамон бо ин, дар соли 2013 тавассути маблағгузории субвенсионӣ, инчунин аз Фонди Президенти мамлакат ва маблағҳои сохтмони асосии вазорату идораҳо барои дастгирии буҷет ва рушди ноҳия 23 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам нисбат ба андозаи қисми даромади буҷети ноҳия беш аз 3,5 баробар зиёд мебошад.

Илова бар ин, дар ноҳия шаш лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва бартарафсозии хавфи обхезӣ ба маблағи беш аз 13 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст, ки то ба имрӯз зиёда аз 12 миллион сомонии он азхуд карда шудаааст.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Темурмалик якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва сарфакоронаи маблағҳои буҷетиву лоиҳаҳои инвеститсионӣ чораҳои доимӣ андешанд.

Ҳамчунин амалӣ намудани чорабиниҳои мунтазам доир ба дастгирии рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти дахлдор мебошад.

Дар ин самт, пешниҳоди маблағҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ яке аз роҳҳои асосии дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Солҳои охир дар ноҳия ин раванд тадриҷан рӯ ба афзоиш дорад ва танҳо дар ду моҳи соли 2013 ба соҳибкорон ба маблағи қариб 4 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.

Дар ин ҷода бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузорӣ, инчунин сармоягузорону соҳибкоронро зарур аст, ки ҷиҳати рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва таъсис додани корхонаҳои коркарди ашёи хом боз ҳам бештар саҳмгузорӣ намоянд.

Дар ноҳияи Темурмалик соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша кам нестанд. Онҳо метавонанд, ки бо таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ворид кардани технологияҳои пешрафтаи замонавӣ дар ташкили ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар гардидани имкониятҳои буҷети ноҳия, баланд бардоштани даромади аҳолӣ ва сатҳи зиндагии ҳамдиёрони худ саҳми ҷавонмардона гузоранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2012 нисбат ба соли 2011 зиёд гардида, ба 8 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Инчунин дар соли 2012 дар доираи нақшаи Ҳукумати мамлакат оид ба таъсис додани корхонаҳои саноатӣ барои солҳои 2012-2013 дар ноҳия якчанд корхонаи нави коркарди маҳсулот ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Мувофиқи нақша соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода додани се коргоҳи нав дар назар аст, ки ба ташкили даҳҳо ҷойи нави корӣ мусоидат хоҳанд кард.

Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дӯстони азиз!

Ноҳияи Темурмалик минтақаи кишоварзӣ буда, бештар аз 70 фоизи аҳолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст. Аз ин лиҳоз, соҳаи кишоварзӣ дар самти болоравии вазъи иқтисодии ноҳия, таъмини аҳолӣ ба ҷойҳои корӣ ва беҳсозии сатҳи зиндагии сокинон нақши муҳим мебозад.

Мулоқоти мо маҳз дар рӯзҳои аввали фасли баҳор ва оғози мавсими киштукор баргузор шуда истодааст. Ҳар яки шумо хуб медонед, ки аз истифодаи самараноки обу замин ва сари вақт гузаронидани кишти баҳорӣ масъалаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат сахт вобаста мебошад.

Бинобар ин, ба роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор ва ҳамаи масъулони бахши кишоварзии мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як рӯзи баҳор ва тезонидани суръати кишту кори баҳорӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Тибқи маълумот солҳои охир истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия тамоюли мунтазами болоравӣ дорад. Махсусан дар давоми 7 соли охир истеҳсоли сабзавот се баробар, картошка 2,6, полезӣ 5, меваҷот 2,6 ва ангур 16 баробар зиёд шуда, натиҷаҳои соҳаи чорводориву парандапарварӣ низ тадриҷан афзоиш ёфта истодаанд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба ҳолати аввали марти соли 2013 дар майдони беш аз 12 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 400 гектар зиёд мебошад.

Самти дигари рушди соҳа таъмин намудани хоҷагиҳои ноҳия ва минтақаи кӯҳистони мамлакат бо тухмии хушсифати ғалладонагиҳо ва беҳсозии фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвариву зотпарварӣ мебошад.

Бо ин мақсад дар ноҳия бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон хоҷагиҳои тухмипарвариву зотпарварӣ таъсис дода шудаанд. Вале чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, хоҷагиҳои мазкур ба ном вуҷуд дошта, худашон ба тухмӣ ва зоти чорво эҳтиёҷ доранд.

Ҳол он, ки солҳои пеш хоҷагии тухмипарварии “Ҷорубқул”- и ноҳия натанҳо хоҷагиҳои ноҳия, балки аксар хоҷагиҳои дигар минтақаҳои кишварро бо тухмиҳои хушсифати зироатҳои ғалладонагӣ таъмин намуда, хоҷагии зотпарварии“Кангурт” бо парвариши зоти аспи варзишӣ, гӯсфанди маҳинпашм ва занбӯри асал машҳур буд.

Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят вазифадоранд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати эҳё намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвариву занбӯриасалпарварӣ ва рушди чорводорӣ, аз ҷумла зиёд кардани саршумори гӯсфанди маҳинпашм ва тараққӣ додани боғу токпарварӣ пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Дар ноҳия имконияти бунёди боғу токзорҳои нав хеле калон мебошад.

Бо ин мақсад тибқи Фармони Президенти мамлакат дар давоми солҳои 2009-2013 дар ноҳия ҷиҳати бунёд кардани боғу токзори нав дар масоҳати 550 гектар, аз ҷумла 95 гектар боғи зардолу ва 118 гектар токзорҳои нав бояд тадбирҳо амалӣ карда шаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳарчанд нақшаи бунёди боғ барзиёд таъмин карда шудааст, вале ҳамагӣ 16 гектар токзори нав бунёд гардидаасту халос.

Бинобар ин, роҳбарони ноҳия, вилоят ва Вазорати кишоварзиро зарур аст, ки якҷо бо соҳибкорону деҳқонон ҷиҳати рушди боғу токпарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзорҳо, инчунин ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин дар ноҳия имконияти гирифтани ҳосили баланди зироатҳои лубиёгӣ, полезӣ ва растаниҳои равғандор мавҷуд аст.
Таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама фасли сол, пеш аз ҳама, аз дуруст истифода намудани имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин ва қувваи қобили меҳнат вобаста мебошад.

Вале дар аксар деҳоти ноҳия заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ аз ҷониби шаҳрвандон самаранок истифода бурда намешаванд. Ҳол он, ки мақсади асосии ҷудо намудани заминҳои президентӣ таъмини аҳолӣ ва бозори дохилӣ бо маводи ғизоӣ ба ҳисоб меравад.

Масъалаи дигари муҳими ноҳия ин ҳарчи зудтар гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ буда, дар ин самт Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об якҷо бо сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки ҷиҳати пешгирии хавфи обхезӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ созанд.

Хотирнишон месозам, ки дар ин рӯзҳои мусоиди баҳорӣ ва хусусан дар остонаи ҷашни мубораки Наврӯз тозаву озода кардани хонаву кошона, ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо ва маҳалли зист, вусъат додани маъракаи кишту кор ва ниҳолшинонӣ вазифаи бетаъхири ҳар як фарди ватандӯст, фаъолони деҳоту ҷамоатҳо, кормандони муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо, хулоса тамоми аҳли ҷомеа мебошад.

Чунки бо хонаву дари тозаву озода ва маҳалли зисти обод истиқбол гирифтани ойину ҷашнҳои миллӣ, махсусан Наврӯз, ки соли нави аҷдодии мо ва яке аз ҷашнҳои бисёр мубораки халқамон мебошад, аз ҷумлаи анъанаҳои неки миллати куҳанбунёдамон ба ҳисоб меравад.

Бо истифода аз ширкати роҳбарону фаъолон ва намоягдагони мардум мехоҳам бори дигар масъалаи иҷрои қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва риояи ҳатмии талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро таъкид намоям.

Зеро пешгирӣ кардани хароҷоти беҳуда ва намоишкориву зиёдаравӣ, бешубҳа, боиси сарфа шудани маблағҳои зиёди бо заҳмат ҷамъкардаи аҳолӣ ва ба таълиму тарбияи фарзандон, ободии хонаву манзил ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии ҳар як оила мегардад.

Ҳамчунин хотирнишон менамоям, ки ноҳияи Темурмалик ва деҳаҳое, ки мо имрӯз қарор дорем, зодгоҳи ҷаҳонпаҳлавони шодравон Саидмӯъмин Раҳимов мебошад.

Мо дар баробари ифтихор кардан бо номи ӯ бояд наврасону ҷавонон, яъне фарзандони худро бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, нангу номуси ватандорӣ, ғайрату заҳматдӯстӣ, ободкориву созандагӣ, тарзи ҳаёти солим ва одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ тарбия кунем ва қаҳрамонону ҷаҳонпаҳлавонони ояндаро ба воя расонем.

Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи шумо - омӯзгорону хонандагони азиз ва мардуми заҳматкашу сарбаланди ноҳияи Темурмакликро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаатон саломативу сарбаландӣ ва хушбахтиву хушҳолӣ орзу менамоям.

Ҳамеша болидарӯҳу ватандӯст бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520