Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми мулоқоти сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон

20.03.2013 19:14, Туркманистон

Намояндагони мӯҳтарами васоити ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,

Президенти Туркманистон, мӯҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич Бердимуҳамедов дар барои натиҷаҳои асосии мулоқот нақл карданд. Ҷониби Тоҷикистон ба ин натиҷаҳо аҳамияти бузург медиҳад.

Мо комилан эътиқодманд ҳастем, ки бунёди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон яке аз қисматҳои калидии рушди осоишта ва созандаи Афғонистон, мисоли таҳкими воқеии ҳамкории минтақавӣ хоҳад шуд. Гуфтугузорҳо дар бораи ин тарҳро ба кори амалӣ, имконсанҷии мушаххаси техникиву иқтисодӣ ва татбиқи воқеии лоиҳа мубаддал кардан зарур аст.

Як сол муқаддам дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ барои Афғонистон, ки чун РЕККА-5 маъруф аст, баргузор шуд. Мо ҳарчӣ зудтар амалӣ кардани лоиҳаҳоеро, ки конфронс маъқул донистааст, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳан ва васл кардани шабакаҳои роҳҳои оҳанро бо истифода аз имкониятҳои Туркманистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамҷавори Афғонистон фавқулодда муҳим мешуморем.

Ҳанӯз солҳои 90-уми қарни гузашта масъалаи сохтмони вариантҳои гуногуни роҳи оҳан, ки Осиёи Марказиро бо Афғонистон бипайвандад, баррасӣ шуда буд. Фоидаи татбиқи чунин лоиҳа равшану возеҳ аст.

Ин иртиботи эътимодноки нақлиётӣ байни кишварҳои мо, афзоиши ҷиддии гардиши мол, мусоидат ба таҳкими равобити иқтисодии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказист.

Ҳалли масоили эҳёи иқтисодии Афғонистонро на алоҳида, балки дар чаҳорчӯбаи рушди умумии минтақа баррасӣ бояд кард. Қобили зикр аст, ки Афғонистон дар фазои воҳиди ҷуғрофию иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷой гирифтааст, ки дар он масоили рушди иқтисодӣ ва амният бо ҳам пайвандҳои зич доранд.

Ҳалли ин масоил замонати некӯаҳволии на танҳо минтақаи бузурги мост, балки яке аз омилҳои амнияти байналмилалӣ низ мебошад.
Мо омодаем, ки минбаъд низ муколамаи муштаракро ҷиҳати ҷустуҷуи рушди ҳамкориҳо бо ҷалби ҳамаи бахшҳои калидӣ, бо дарназардошти манфиатҳои кулли минтақа ва ҳар як кишвари узви он густариш бахшем.

Тоҷикистон ба ояндаи равобити чандҷонибаи мо аз ин майдони ҳамкорӣ бо назари нек менигарад ва омода аст, ки имкониятҳои бузурги онро дар амал татбиқ намояд.

Ман аминам, ки иштирокдорони дигари ин мулоқоти байнидавлатӣ низ ҳамаи кори заруриро барои ин анҷом хоҳанд дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520