Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои Наврӯзӣ

22.03.2013 15:25, шаҳри Душанбе

Имрӯз тантанаҳои идонаи Наврӯзи хуҷастапай дар саросари Тоҷикистон идома ёфт.

Шодию нишоти наврӯзӣ дар наврӯзгоҳи ҷумҳуриявии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигар мақомоти марказию маҳаллӣ ҷараён гирифт.

Ба ин муносибат кӯчаи Хофизи Шерозии пойтахт аз чорроҳаи хиёбони Исмоили Сомонӣ дар масофаи беш аз 1,5 км то даромадгоҳи Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ ба таври идона ороста шуда буд.

Мардуми касбу кори гуногун ва ҳунармандони мардумӣ маҳсули ҳунарҳои зебои худро ба намоиш гузоштанд. Сари ҳар қадам хонҳои ҳафт сину ҳафт шин бо шириниҳою хӯришҳои лазизи наврӯзӣ ороста шуда, атрофи он базму тараби дилнишин ба чашм мерасид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар назди даромадгоҳи наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истиқбол гирифтанд.

Ин мавзеъ, ки пас аз тармиму навсозии куллӣ зоҳиран ба зодгоҳи Наврӯз-Тахти Ҷамшед шабоҳат пайдо кардааст, ба таври хоса оро ёфта буд. Шукӯҳи наврӯзӣ дар ҳар қадами ин мавзеъ эҳсос мегардид.

Мардуми бисёрҳазорнафара, ки дар дохили Наврӯзгоҳи бошукӯҳ барои тамошои тантанаҳои марказии наврӯзӣ гирд омада буд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи кӯтоҳи пурмуҳтаво бори дигар аз суннату анъанаҳои волои наврӯзӣ, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо мардуми қаламрави беканори Авруосиёро ба поксозии ботину зоҳир, дӯстию бародарӣ, ҳамбастагӣ, инсондӯстӣ, таҳаммули оину фарҳангҳои гуногун, сулҳу созиш ва ҳамкорию ҳамёрӣ ҳидоят мекунад, ёдовар шуда, мардуми кишвар, тоҷикону ҳамватанони бурунмарзӣ ва дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзро бо фаро расидани иди фаррухпайи ҷаҳонигардида табрику таҳният гуфт.

Шукӯҳи идонаи Наврӯзи бостонӣ дар Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявии пойтахт бо барномаи рангоранги устодони ҳунарҳои зебои кишвар ва гурӯҳҳои гуногуни санъаткор инъикос ёфт. Эҳёи бомароми расму оинҳои накӯи наврӯзӣ ва тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бешак собит месозад, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ва вориси посдори ин суннати пурифтихори бостонӣ аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520