Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суҳбати созанда, ҳамчунин бо Вазири давлатии корҳои хориҷии давлати дигари халиҷӣ - Амороти Муттаҳидаи Араб Анвар Муҳаммад Гардаш анҷом дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат аз рушди босуботи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноат карда, ҳамчунин таъкид дошт, ки барои фаъол намудани имконоти фарохи истифоданашуда минбаъд ҷаҳд бояд кард.