Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби калони Президенти Бонки ҷаҳонӣ Каушик Басу

04.04.2013 13:02

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби калони Президенти Бонки ҷаҳонӣ Каушик Басуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд.

Аз ҷараёни рушди кунунии иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд, зеро тавре зикр гардид, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ду моҳи соли 2013 7,2% ва таваррум 1,1 фоизро ташкил додааст.

Ёдоварӣ шуд, ки дар тӯли солҳои шарикӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бештар аз 690 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод намудааст ва ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар бо харҷи 236 миллион доллар маблағҳои ҷудонамудаи ин бонк татбиқ мешаванд.

Доир ба татбиқи босамари Стратегияи миёнамӯҳлати Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум барои солҳи 2013-2015, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани ҷойҳои мавҷудаи корӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ, гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.

Ҳамчунин доир ба дигар ҷанбаҳои равобити Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳҳои мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520