Масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак ва Форуми “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон” муфассал баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти хоса бо Урбан Руснак изҳори боварӣ намуд, ки ин мулоқот ва ҳам форуми созмондодаи Хартияи энергетикӣ барои ҷалби васеи сармоягузорӣ ва рушди бемайлони ин соҳаи ҳаётан муҳим такони ҷиддӣ мебахшанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот ва Форуми “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон” лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи энергетикаи кишвари моро, ки аксари куллашон ба рушди тамоми минтақа нигаронда шудаанд, шахсан муаррифӣ намуда, доираҳои соҳибнуфузи давлатӣ ва соҳибкории Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои онро ба ҳамкории пурсамар дар ин соҳа даъват намуд.