Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ

15.04.2013 13:33, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баррасӣ шуд.

Бо таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкории иқтисодӣ, таъкид гардид, ки ҳаҷми кунунии табодули мол миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҷавобгӯи имкону захираҳои мавҷуда нест. Тавре зикр гардид, пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро зиёда аз 50 санади байниҳукумативу байниидоравӣ ташкил медиҳад. Танҳо моҳи сентябри соли 2012 зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон 12 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Аз ин хотир, фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории дуҷониба, татбиқи босамари санадҳои имзошуда зарур шумурда шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи тавофуқоти сершумори иқтисодию сармоягузорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ба рушди бесобиқаи робитаҳои дарозмуддати ду кишвари дӯст пояҳои устувор мегузорад.

Рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ аз бахшҳои муҳими муносиботи ду кишвар номида шуд. Дар ин робита гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунию ояндаи Афғонистон ва ҳамгироӣ барои мусоидат ба эҳёи ҳаёти осоишта ва таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ дар ин кишвар сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520