Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон

15.04.2013 13:55, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Сафари мазкури Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаноби олиқадр Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ идомаи муколамаи байнидавлатии роҳбарияти ду кишвар аст, ки марҳилаи муҳими он моҳи сентябри соли гузашта дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон амалӣ гашта буд.

Ин муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд хислати мунтазам дошта, бад-ин васила ҳар ду ҷониб ният доранд, ки ба муносиботи дорои анъанаҳои дерини таърихии миёни кишварҳоямон нерӯи тоза бахшанд.

Дар ҷараёни сафари расмии кунунӣ мулоқот ва музокироти муфассал бо Ҷаноби олиқадр Ноиби Президенти Ҳиндустон ва ҳайатҳои ҳар ду ҷониб анҷом додем, ки дар фазои анъанавии дӯстона, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.

Мавзӯи умдатарини мулоқоту музокирот ин дарёфти роҳҳо ва воситаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба, иҷрои созишномаҳо ва аҳду паймони моҳи сентябри соли 2012 дар Деҳлӣ ҳосилгашта буд. Асноди соли гузашта имзошуда як қадами муҳим дар татбиқи имконоти васеи ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ, мебошад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамоно хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкорияш бо Ҳиндустон дар соҳаи ҷалби сармояҳо мебошад. Мо омодаем, ки фаъолияти сармоягузорони Ҳиндустонро дар ин соҳа минбаъд низ пуштибонӣ намоем.

Дар раванди музокирот ҳар ду ҷониб зарурати густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавиро таъкид намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ва музокирот мавзӯоти муҳими минтақавӣ мавриди баррасию арзёбӣ қарор гирифтанд. Бояд махсус таъкид намуд, ки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ назари муштарак ва ё наздик доранд.

Мо мувофиқ бар он будем, ки дарёфти роҳҳои самараноки ҳалли қазияи Афғонистон ва истиқрори ҳаёти осоишта дар он ҳамоҳангии бештари амалҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустонро то ва баъди хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз қаламрави ин кишвар тақозо менамоянд.

Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Ҳиндустон даъват ба амал овард, ки дар асоси муштарак тадбирҳои ғайринизомӣ дар иртибот ба эҳёи иқтисодии Афғонистон андешида шавад. Қабл аз ҳама, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва иртиботот дар назар аст.

Умедворам, ки сафари мазкур дар таърихи навтарини муносиботи ду кишвари дӯсту ҳамшарик ҷойи муносиберо ишғол хоҳад кард.

Боздиди Ҷаноби олиқадр Ансорӣ аз Тоҷикистон барои таъмини дурнамои неки ҳамкории ду ҷониб ва таҳкиму густариши минбаъдаи онҳо дар арсаҳои мавриди манфиати тарафайн аз ҳар ҷиҳат бамавриду судманд буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520