Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Сергей Степашин

16.04.2013 11:52, шаҳри Душанбе
Изҳороти матбуотии Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Сергей Степашин

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат масоили гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Сергей Степашин бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов нахуст аз ҷараён ва натиҷаҳои аудити пойгоҳи низомии Русия ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд. Сергей Степашин аз шароити барои пойгоҳи низомии Русия муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, барои он ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос кард.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба таҳким ва густариши ҳамгироии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллии иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз маблағгузории терроризму ифротгароӣ ва авзои Афғонистон зоҳир гардид.

Гуфтугӯ дар фазои дӯстии анъанавӣ ва ҳамшарикии стратегию иттифоқчигии Тоҷикистону Русия ҷараён гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520