Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама

17.04.2013 09:45

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар Тоҷикистон ин амали террористиро, ки ҳангоми гузаронидани марафони Бостони ИМА рух дода, боиси марги чандин нафар шаҳрванд гардид, бо нафрати беандоза қабул карданд. Ин амали ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, мо дастгирии худро нисбат ба талошҳое, ки ба муқовимати босамар бар зидди ин кирдори нангин равона шудаанд, баён медорем ва кӯшишҳои сарҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар мубориза бо терроризм ҷонибдорӣ менамоем.

Аз Шумо, Ҷаноби Президент, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасаллияти амиқ ва эҳсосоти ҳамдардии моро ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон расонед ва таманнои моро дар мавриди ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҳамаи зарардидагон қабул фармоед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520