Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Мамин

18.04.2013 16:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши роҳи оҳан баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба навсозии техникаю таҷҳизоти Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа ва такмили ихтисоси онҳо зоҳир гардид.

Тавре зикр гардид, то имрӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон аз Қазоқистон 4 локомотив дастрас гардида, доир ба харидории 8-тои дигар қарордод ба имзо расидааст.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рафтуомади бемонеаи қатораҳои роҳи оҳан, таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар масири ҳаракати онҳо ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520