Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

26.04.2013 18:53, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир ба баррасии вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳои оянда машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварати корӣ доир ба мавзӯи асосии он нахуст ахбори Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода шунида шуд. Тавре зикр гардид, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин муҳлат ба 6,7 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3% афзудааст. Даромади воқеии аҳолӣ бошад 19,8% афзун гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти нокифояи минтақаҳои озоди иқтисодӣ изҳори норозигӣ карда, доир ба ҷоннок намудани кори онҳо супоришҳои мушаххас дод. Тавре зикр гардид, то андозае корҳои ибратбахш танҳо дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд ба назар мерасаду бас.

Зимни ахбори Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даромадҳо ба Буҷети давлатӣ 101,6% иҷро шуда, ба он 2,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст. Ин маблағ нисбат ба нақша 40 миллион ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 550 миллион сомонӣ зиёд аст. Ғайр аз ин, дар се моҳи аввали соли равон 5 созишномаи қарзию грантӣ бо маблағи умумии 360 миллион сомонӣ ба имзо расида, лоиҳаи 6 созишномаи дигар бо маблағи 500 миллион сомонӣ дар арафаи ба имзо расидан қарор доранд.

Дар ахбори Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар се моҳ қариб ба 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ расид. Дар муҳлати ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 79 корхонаи саноатӣ бо 1340 ҷойи корӣ ба кор даромад.

Ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дӯхти либоси мактабӣ пурра дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад ва таъкид гардид, ки дар ин сурат, бо ҳисоби камтарин, беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ, ки ба воридоти ин маҳсулот аз хориҷи кишвар равона мегардад, дар дохил аз худ карда мешавад. Супоришҳои мушаххаси дигар, ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, пӯст, пашм, пахта, алюминийи аввалия, металҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд.

Роҳбарияти ширкати Барқи Тоҷик вазифадор карда шуд, ки барои коҳиш додани талафоти техникӣ ва таъмини ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ чораҳои муассир андешанд.

Вазири кишварзӣ Қосим Қосимов гузориш дод, ки зимни кишти тарамоҳӣ дар маҷмӯъ дар 320 ҳазор га ғалладона кишт шудааст ва 133 ҳазори он заминҳои обӣ аст. Кишти пахта бошад, ба андозаи 76% иҷро шуда, барои ба 1 миллион тонна расондани ҳосили картошка замина муҳайё гардидааст. Тавре зикр гардид, беҳшавии нишондодҳо, ҳамчунин дар кишти дигар зироатҳо ва дар бахшҳои боғутокпарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ ба назар мерасад.

Доир ба нишондодҳои рушд, ҳамчунин Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, Вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов, Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раисони шаҳру ноҳияҳои дигар гузориш доданд.

Ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот доир ба таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқию ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва тақвияти омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охири машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ба роҳбарони мақомоти ҷумҳуриявию маҳаллӣ, пеш аз ҳама доир ба татбиқи амалии супоришҳои дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баёнгардида, супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба вусъат додани кишти баҳории зироатҳо, омодагӣ ба кишти такрорӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, бо истифода аз тухмиҳои беҳтарин ва дастовардҳои пешқадами илмӣ афзун намудани ҳосилнокии зироатҳо ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда дода шуд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба омодасозии шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ зоҳир карда шавад. Дастур дода шуд, ки шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанберо барои қабули гармӣ аз Маркази нави барқугармидиҳӣ, ки тирамоҳи имсол навбати аввалаш бо иқтидори 50 мегаватт бояд ба кор дароварда шавад, омода созанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520