Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиер

27.04.2013 10:18, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои пайвастаи Конфедератсияи Швейтсария аз рушди босуботи Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди омодагӣ ба ҳамроҳшавӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо, ёдовар шуда, ба роҳбарияти ин кишвари дӯст арзи сипос намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз муҳтавои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла дар се самти авлавиятноки фаъолияти он – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ин созмонро “яке аз сохторҳои муҳими ҳамёрии бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ” номид.

Ба фаъолияти Гурӯҳи ҳамоҳангсози “Тоҷикистон-САҲА”, Дафтари ин созмон ва Омӯзишгоҳи олии идораи сарҳадоти он дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Айвес Россиер аз нақши муҳими Тоҷикистон дар минтақа ва сарҳади тӯлонии он бо Афғонистони мавриди таваҷҷуҳи аҳли олам ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Конфедератсияи Швейтсария дар доираи муносиботи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои бонуфуз аз Тоҷикистон, хусусан пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, пуштибонӣ хоҳад кард.

Айвес Россиер иттилоъ дод, ки навбати раёсат дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо соли 2014 ба Конфедератсияи Швейтсария мегузарад, аз ин хотир яке аз ҳадафҳои асосии боздиди ӯ аз Тоҷикистон омӯзиши бештари арсаҳои ҳамкорӣ бо ин кишвар ва ниёзмандиҳои он ба дастгирҳои байналмилалӣ мебошад.

Зимни суҳбати созанда ҳавасмандии устувори ду ҷониб ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520