Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федералии Олмон

13.06.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеративии Олмонро, ки таҳти сарварии Дагмар Энкелманн ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар чаҳорчўби муносиботи дуҷониба ва ҳам Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ҳадафи асосии ҳайат шиносоӣ бо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди кишварҳои минтақа ва рафти татбиқи амалии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ мебошад.

Аз ҷараёни дастрасӣ ба ҳадафҳои ин стратегия дар баъзе соҳаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо мусоидати Иттиҳоди Аврупою ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷаҳду талоши худи кишварҳои минтақа дар самти бартарафсозии мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла рафъи камбизоатӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва ҳаллу фасли проблемаҳои вобаста ба обу энергетика низ натиҷаҳои назаррас ҳосил мешаванд.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба масоили вобаста ба демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520