Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Намояндагии доимии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Акбаралӣ Песнанӣ

04.05.2013 09:16, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Намояндагии доимии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Акбаралӣ Песнаниро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доир ба ҷараёни ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Оғохон оид ба рушд ва дурнамои муносиботи судбахш гуфтугӯй сурат гирифт.

Ба тавсиаи самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бунёди зербинои ҷаҳонгардӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои минтақавии интиқоли барқ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳарду ҷониб изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520