Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип

06.05.2013 17:07, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансипро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо назардошти имконоти нави воридшавӣ ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Нақши транзитии Эстония, аз ҷумлаи бандарҳои обии он низ муҳим дониста шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ ва ҳамчунин кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ дорои дурнамои умедбахш номида шуд.

Бо назардошти марзи тӯлонӣ бо Афғонистон ва дар сафи пеши мубориза бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доштани Тоҷикистон ба таҳкими ҳамгироии бисёрҷониба дар ин самти ҳамкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника ва фарҳанг сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520