Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари ширкати Роҳҳои оҳани Русия Владимир Якунин

06.05.2013 18:27, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати Роҳҳои оҳани Русия Владимир Якунинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва назди баҳри Балтика дар бахши нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ шуд.

Аз натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони сохторҳои марказии ин кишварҳо дар бахши роҳи оҳан, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳори хушнудӣ карда шуд.

Владимир Якунин ҳавасмандии Русияро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин ва дигар самтҳои судбахш таъкид намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520