Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 63-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид

26.09.2008 05:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Мӯҳтарам Ҷаноби Раис!

Пеш аз ҳама Шуморо ба муносибати ба мансаби олии Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид интихоб гардиданатон табрик намуда, умедворам, ки иҷлосияи 63- юми Маҷмаи Умумӣ таҳти роҳбарии Шумо ба ҳадафҳои гузошташуда муваффақ мегардад, ки бузургтарини он минбаъд низ мустаҳкам сохтани низоми Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ буда, ба ҳалли проблемаҳои глобалие, ки ҳамчун таҳдиду хатарҳои асри ХХI арзи зуҳур карданд, нигаронида шудааст.

Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!

Башарият соли гузашта бо силсилаи бӯҳронҳои ба ҳам вобастаи энергетикӣ, озуқаворӣ, молиявӣ ва иқлимӣ рӯ ба рӯ гардид, ки онҳо бӯҳрони умумии рушдро ба бор оварданд. Оқибати чунин зуҳуроти номатлуб ба эҳсоси иҷтимоии миллионҳо нафар одамон дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва давлатҳои дар давраи гузариш қарордошта, аз ҷумла дар кишвари мо таъсири шадиди манфӣ расонид.

Вале умеду орзуи одамон ба бунёди ҷаҳони ҳарчи одилона ва орому осуда ҳанӯз аз байн нарафтааст.

Онҳо ин умеду орзуи худро бо Созмони Милали Муттаҳиди қавӣ ва фаъол вобаста медонанд, ки метавонад нерӯву имкониятҳои худро ба ҳалли масоили мубрами муосир равона созад. Дар айни ҳол мо чунин мешуморем, ки зарурати доғи рушди самарабахши муколама ва ҳамкории ҳамаи қисматҳои ҷаҳони бисёрқутба, инчунин сарфи назар кардан аз стандартҳои дугона дар амалияи байналхалқӣ ва дар баробари ин роҳ надодан ба низоъи нажоду динҳо ва қитъаву минтақаҳо ба миён омадааст.

Ҳоло ягон мамлакати ҷаҳон, бо вуҷуди дорои нерӯҳои муқтадир будани худ, ба муқобили хатару таҳдидҳои замони ҳозира – аз тағйир ёфтани иқлим сар карда, то терроризми байналхалқӣ яккаю танҳо мубориза бурда наметавонад. Имрӯз силсилаи ҷадиди мушкилоти умумибашарӣ беш аз пеш андешидани тадбирҳои дастаҷамъиро тақозо менамояд ва Созмони Милали Муттаҳид, ки дорои ваколатҳои васеъ мебошад, барои бартараф сохтани он хатару таҳдидҳо василаи беҳтарин ба шумор меравад.

Ин масъала, хусусан, ба ҳаққу ҳуқуқи инсон ба таъминоти шоиста бо маводи ғизоӣ дахл дорад.Бо сабаби босуръат боло рафтани нархи озуқа ва сӯзишворӣ расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то андозае мушкил гардидааст.

Бӯҳрони ғизо ба шароити зиндагии табақаҳои камбағали аҳолӣ таъсири манфии зиёд расонид. Дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва танҳо 7 фоизи замини он қобили кишт мебошад, бӯҳрони ғизо шароити зиндагии аз се ду қисми оилаҳоро фаро гирифт.

Бояд тадбирҳои иловагии муштарак ва муассир андешид, ки вазъи таъминоти озуқа дар саросари ҷаҳон минбаъд тезутундтар нагардад.

Табиист, ки дар чунин шароит истифода кардани ғизо барои истеҳсоли сӯзишвории биологӣ амали зиддиинсонӣ мебошад. Умед аст, ки давлатҳои мададгор барои пешгирӣ кардани ташаннуҷи бӯҳрони ғизо тадбирҳои зарурии сиёсӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ меандешанд, зеро идома ёфтани бӯҳрони озуқа сабаби қашшоқтар гардидани миллионҳо нафар одамон шуда метавонад.

Мо ҳамчунин умедворем, ки кӯмаки расмии байналхалқӣ бештар ба рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардида, дар ниҳояти кор монеаҳои сунъии тиҷоратӣ аз байн бардошта мешаванд.

Комилан мусаллам аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи бартараф сохтани бӯҳрони озуқа ва таъҷилан тағйир додани сиёсати кишоварзии ҷаҳон бояд нақши ҳалкунанда бозад.

Тоҷикистон фаъолияти Гурӯҳи хоси байниидоравии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба зиммаи он муқаррар намудани тадбирҳои вокуниши таъҷилӣ ба бӯҳрони озуқа гузошта шудааст, дастгирӣ мекунад. Ҷидду ҷаҳди гурӯҳи мазкур инчунин бояд ба ҳалли масъалаи муқаррар намудани муносибатҳои дарозмуддати яксон ва мувофиқашуда ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намояд.

Дар ин бобат натиҷаҳои мулоқоти Рим бо иштироки намояндагони баландпояи мамлакатҳо бахшида ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва эъломияи дар ҷараёни он қабулшуда иқдоми муҳим гардид.

Дар ин робита, зарур аст, ки кор дар доираи Муассисаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар бобати ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф пешниҳод кардани технологияҳои пешқадам, тухмӣ ва расонидани кӯмакҳои молиявию техникӣ густариш дода шавад.

Мо ҳамчунин даъват мекунем, ки ҳаҷми кӯмакҳои аз тариқи Созмони Ҷаҳонии Озуқа расонидашаванда зиёд карда шавад.

Ҳаққу ҳуқуқи инсон ба таъмин бо ғизои шоиста масъалаест, ки аз ҳаллу фасли он ҳаёти миллионҳо одамон, аз ҷумла занону кӯдакон дар ҷаҳон вобаста мебошад. Масъалаи мазкур на баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ, балки андешидани тадбирҳои қатъии амалиро талаб мекунад, зеро таҳдиди бӯҳрони озуқа аз терроризм камтар нест, чун он шаъну шарафи инсонро коста мегардонад.

Ба ақидаи мо, мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон бояд бо масъулияти бештаре амал намоянд, то оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, хусусан дар давлатҳои камбизоат ва рӯ ба инкишоф ҳарчи камтар эҳсос шавад.

Зеро дар ин давлатҳо оқибати ин зуҳуроти номатлуб равшан мушоҳида мешавад.

Тоҷикистон, ки дорои заминҳои ҳосилхез ва захираҳои фаровони об аст, дар ҳалли ин проблема саҳми арзанда гузошта метавонад. Дар қаламрави мамлакати мо бештар аз 55 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд.

Ин имкон медиҳад, ки натанҳо масоҳати калони замини қобили кишт, балки соҳаҳои дигари иқтисодиёти мамлакатҳои минтақа бо оби тоза таъмин карда шаванд.

Захираҳои оби мо ҳамзамон манбаи муҳимтарини истеҳсоли қувваи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Масалан, муқаррар карда шудааст, ки ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон дар як сол 527 миллиард киловатт - соат мебошад, вале дар шароити имрӯза ҳамагӣ 5 фоизи он истифода бурда мешаваду халос.

Танҳо муносибатҳои муттаҳидона ва мутақобилан судманди мамлакатҳои минтақа доир ба истифодаи захираҳои обу энергетика ва сарватҳои дигари табиӣ метавонад рушди устувори Осиёи Марказиро таъмин карда, ба ҳалли проблемаҳои озуқаворӣ ва экологӣ мусоидат намояд, ки ин проблемаҳо ба истифодаи оқилонаи ин сарватҳо зич алоқаманд аст. Танҳо ҳамкории мутақобилан муфид дар масъалаи истифодаи оқилонаю самарабахши онҳо метавонад сабаби некӯаҳволии халқҳо ва миллатҳои сокини ин минтақаи бузург гардад.

Мо умедворем, ки муассисаҳои Бреттон-Вуд ва шарикони Созмони Милали Муттаҳид аз сектори хусусӣ нақшаҳои моро дастгирӣ хоҳанд кард.

Мо ба зарурати бунёди чунин механизми иқтисодии мубодила ва таъвизи захираҳои обу энергетикие ниёз дорем, ки манфиатҳои мамлакатҳои болообро, ки захираҳои фаровони об доранд ва мамлакатҳои поёнобро, ки дар онҳо захираҳои сӯзишворӣ фаровон аст, ба таври баробар дар назар дошта бошад.

Проблемаи тағйир ёфтани иқлим аллакай ба минтақаи мо, ва пеш аз ҳама ба вазъияту ҳолати захираҳои об таъсири манфӣ расонида истодааст.
Дар натиҷаи гарм шудани иқлими сайёра масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон бештар аз 30 фоиз кам шудааст.

Дар давоми се соли охир дарёҳои минтақа камоб гардиданд, ки дар натиҷа проблемаҳои ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ, хушксолӣ, ҳуҷуми малах ва ғайра ба миён омадаанд. Мамлакати мо бе татбиқи барномаҳои гидроэнергетикӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ноил шуда, инкишофи устувори худро таъмин карда наметавонад. Инро сардии тӯлонии зимистони қаҳратуни гузашта равшан нишон дод, ки дар натиҷаи он тамоми душвориҳои давраи гузариш возеҳан маълум гардиданд.

Зимистон ва тобистони оянда аз рӯи тахминҳои пешакӣ, дӯшвориҳои зиёдтарро ба бор хоҳанд овард.

Нақши муассири об натанҳо барои истеъмол, балки барои амалӣ сохтани ҳадафҳои истеҳсолот, ҳифзи муҳити зист ва рушд маъруф аст. Ҳалли проблемаҳои муҳимтарини вобаста ба об, рушди ҳамкории байналхалқӣ дар ин соҳа аз ҷумлаи вазифаҳои Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» мебошад, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.

Ман аз ҳамаи давлатҳои аъзо даъват менамоям, ки намояндагони воломақоми худро соли 2010 барои иштирок дар анҷумани байналхалқии бахшида ба оби тоза бо мақсади муҳокима ва баррасии муштараки татбиқи «Рӯзномаи байналхалқӣ оид ба проблемаҳои об» ба Душанбе фиристанд.

Дар давоми якчанд соли охир чорабиниҳои зиёди сатҳи гуногун доир карда шуданд, вале шиддати ин мушкилот то ҳанӯз боқист.

Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаву баррасии умумӣ ва ҳалли проблемаҳои об, муттаҳид сохтани кӯшишҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешниҳод мекунад, ки иҷлосияи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масоили об гузаронида шавад.

Иҷлосияи мазкур метавонад ҷараёни ҳалли мушкилоти Даҳсолаи обро арзёбӣ карда, масъалаҳои афзалиятноки минбаъдаро муайян намояд.

Имрӯз дар баробари мубоҳисаҳои умумӣ дар қароргоҳи марказии Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки намояндагони баландпояи мамлакатҳо вобаста ба масъалаҳои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҷамъомад доир шудааст. Сари вақт ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди ҳазорсола барои мамлакати мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миллии рушди кишварро дар давраи то соли 2015, ки бо ташаббус ва иштироки мустақими Созмони Милали Муттаҳид таҳия шудааст, амалӣ месозад, ки он муносибати комилан навро ба масъалаи таъмини рушди ҳамаҷониба таҷассум сохтааст. Барномаи мо инчунин фарогирандаи таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳон дар бобати таҳия ва амалӣ сохтани чунин ҳуҷҷатҳои стратегӣ, сабақҳо ва хулосаҳо аз давраҳои гузаштаи инкишофи кишвар, инчунин воқеияти имрӯза ва дурнамои рушди минбаъда мебошад.

Дар баробари ин, мехоҳам зикр намоям, ки имкониятҳои таъминоти молиявии давлатии ин чорабиниҳо бо суръати пешрафти иқтисоди воқеӣ маҳдуд мебошанд.

Мусаллам аст, ки расидан ба Ҳадафҳои Рушд аз бисёр ҷиҳат ба муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи расонидани кӯмак ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф, таъмини саривақтии захираҳои дохилӣ ва берунӣ вобаста мебошад.

Дар робита ба ин Тоҷикистон ба даъвати мамлакатҳои мададгор доир ба ду баробар зиёд кардани ҳаҷми кӯмак бо мақсади рушд ҳамроҳ мегардад, ки ин иқдом дар бобати дастгирии ҷараёни рушди устувор ва дар асоси тадбирҳои мувофиқашудаи байналхалқӣ ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушд нақши муҳим хоҳад бозид.

Инчунин пешниҳод дар бораи иваз кардани қарзҳои мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ба барномаҳои миллӣ дар соҳаи рушди устувор аҳамияти худро аз даст надодааст.

Болоравии кайҳонӣ ва дар бисёр мавридҳо сунъии сӯзишворӣ ва маводи ғизо ҳолати бе ин ҳам ногувори молиявии кишварҳои камбизоат ва рӯ ба инкишофро вазнинтар ва гаронтар кард. Қисман бекор кардани қарзҳо ва аз ин ҳисоб маблағи сарфашударо барои таъмини эҳтиёҷоти маориф, тадбирҳои ҳифзи муҳити зист, пешгирии бемориҳои ВИЧ/СПИД ва ҳадафҳои дигар равона кардан мисли пештара аҳамияти бузург дорад.

Таҳлили масъалаҳои Конфронси Монтеррей дар мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд, ки дар Давҳа баргузор хоҳад гашт, барои тарҳрезии тадбирҳои минбаъдаи самарабахши қонеъ гардонидани талабот ба захираҳо имконияти хуб медиҳад, ки онҳо барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола заруранд. Умед аст, ки мулоқоти Давҳа ба мувофиқоти (консенсуси) Монтеррей барои таҳкими рӯҳияи шарикӣ ва ҳамдилии умумибашарӣ имконият ва нерӯи тоза хоҳад бахшид.

Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!

Вазъияти имрӯзаи Афғонистони дар натиҷаи муноқиша ва зӯроварии тӯлонӣ хароб гардида, сабаби нигаронӣ ва ташвишу изтироби ҷиддӣ гардидааст.
Афғонистон на ба зиёд кардани ҳузури низомии мамлакатҳои хориҷӣ дар қаламрави худ, балки бештар ба кӯмаки мушаххаси иқтисодӣ, техникӣ ва гуманитарӣ ниёзманд аст.

Таҷрибаи мавҷуда нишон медиҳад, ки аксаран амалиёти ҳарбӣ ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ нисбат ба тадбирҳои оқилонаи сиёсӣ ва иқтисодӣ самараи камтар медиҳад.

Бинобар ин зарур аст, ки фурсатро аз даст надода, масъалаи ба ҳалли проблемаҳои Афғонистон ҷалб кардани мамлакатҳо ва созмонҳои дигари мӯътабари байналхалқию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ карда шавад.

Тақвияти ҳамкории байналхалқӣ дар мубориза бар зидди терроризм бо мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мустақиман вобаста мебошад.

Ба Ҳукумати Афғонистон кӯмак бояд расонд, ки занҷираи ба амал омадаи технологӣ ва молиявии саноати истеҳсоли маводи мухаддирро барҳам занад.
Муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди кишварҳои ҷаҳон самараи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи ҷаҳонии мубориза бар зидди терроризм ва Эъломияи Парижро бештар хоҳад гардонд.

Низоми ташаккулёбандаи глобалии мубориза ба муқобили терроризм, ҷинояткории трансмиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро бе кӯмаки созмонҳои минтақавӣ бунёд кардан мумкин нест. Дар робита бо ин, Тоҷикистон кӯшишҳои вусъат додани ҳамкории Созмони Милали Муттаҳидро бо созмонҳои дахлдори минтақавӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Имкониятҳои ин созмонҳо хеле зиёданд ва ба ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ ҷалб намудани онҳо имкон медиҳад, ки оқибатҳои ногувори таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира маҳдуд карда шаванд.

Бояд гуфт, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ҳифзу эҷоди сулҳ мафҳумҳои аз ҳамдигар ҷудоинопазиранд. Мо ҳамаи онҳоеро, ки дар ҳайати намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон фидокорона фаъолият кардаанд, дар ёд дорем ва хотираи онҳоеро, ки зимни иҷрои вазифаи худ ҳалок шудаанд, пос медорем.

Роҳу усулҳои бартараф сохтани муноқишаи байни тоҷикон бо кӯмаки Созмони Милали Муттаҳид ва мамлакатҳои кафил ҳамчун намунаи беназири тадбирҳои эҷоди сулҳ ва дипломатияи пешгирикунанда эътироф шудаанд.

Мо ташаббуси Муншии умумии Созмони Милалро дар бобати ислоҳоти роҳу воситаҳои ҳифзу эҷоди сулҳ дастгирӣ намуда, чунин мешуморем, ки ба ҳомиёни сулҳ минбаъд ҳам кӯмаки сиёсӣ, молиявӣ, моддӣ ва техникӣ расонида, ба онҳо имкон додан лозим аст, ки аз иҷрои вазифаи душвори худ бароянд.

Мо ҳамчунин афзалияти фаъолияти Созмони Милалро дар бобати афзун гардонидани самара ва боздеҳи мусоидат ба мамлакатхое, ки низоъро аз сар гузаронидаанд, ҷонибдорӣ намуда, фаъолияти Комиссияи сулҳофаринро дастгирӣ менамоем, ки ба таъмини ҳамоҳангӣ ва бештар сохтани самараи кӯмакҳои байналхалқӣ ба ин мамлакатҳо равона карда шудааст.

Таҳким бахшидани зербинои сулҳу субот дар мамлакатҳое, ки дучори низоъҳо гардидаанд, натанҳо ба расонидани кӯмакҳои башардӯстона, балки ба мусоидати воқеӣ ба ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ба дастгирии кӯшишҳои онҳо ҷиҳати бунёди заминаи зарурии гузариш ба рушди устувор ниёзманд аст.

Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!

Ҷомеаи ҷаҳон имсол 1150 – солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ботантана ҷашн гирифт. Ғояи асосии эҷодиёти шоир ҷонибдории арзишҳои маънавии абадии инсоният, яъне некӯкорӣ, зебоии ботинӣ, сабру таҳаммул ва дастгирии ҳамдигар мебошад.
Ашъори Рӯдакӣ баъди гузаштани садсолаҳо мисли пештара одамонро ба мустаҳкам кардани анъанаҳои дӯстии халқҳо, вусъат додани муколамаи байни фарҳангҳо даъват карда, ғояҳои башардӯстона ва тасомуҳро тараннум менамояд.

Тавре, ки Муншии умумии Созмони Милал зикр карда буд: «Мо аз осори Рӯдакӣ барои Иттиҳоди тамаддунҳо ибтикори Созмони Милал ва ташаббусҳои дигари он илҳоми тоза мегирем, ки ҳадафи онҳо муборизаест ба муқобили ифротгароӣ ва ихтилофоте, ки ба сулҳ таҳдид менамоянд».

Ба ақидаи ман, арзишҳои умумибашарие, ки Рӯдакӣ онҳоро ташвиқу тарғиб намудааст, имрӯз ҳам бо ҳадафу вазифаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон ҳамоҳанганд. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мо имрӯз метавонем вазъи ҷаҳонро беҳтар сохта, умеду орзуи халқҳоямонро амалӣ созем.

Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520