Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Бонки давлатии рушди Чин Ху Хвэйбан

19.05.2013 18:33, Чин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин мулоқоти судбахши дигар бо Раиси Бонки давлатии рушди Чин Ху Хвэйбан анҷом дод.

Аз рушди назарраси ҳамкорӣ, ки дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай сурат мегирад, изҳори қаноат карда шуд. Қаноатмандӣ, аз ҷумла аз ҳамкории ин бонк бо Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонки Тоҷикистон изҳор карда шуд.

Тавре зикр гардид, барои ғанӣ гардондани сандуқи қарзии Амонатбонки Тоҷикистон аз ҷониби Бонки давлатии рушди Чин дар ҳаҷми 20 миллион доллари амрикоӣ ва 33 миллион юани чинӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо гардидааст.

Доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ барои сармоягузории лоиҳаҳои зиёди судбахш дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон тавофуқот ҳосил шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот созишномаи сеҷонибаи қарзӣ миёни ширкати муштараки Зарафшон, Бонки рушди Чин ва ширкати саноати кӯҳкории Зиҷин ба имзо расид. Тибқи ин санад аз ҷониби Бонки рушди Чин ба ширкати саноати кӯҳкории Зиҷин барои тавсиаи фаъолияти ширкати муштараки Зарафшон 140 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо карда мешавад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520