Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқотҳо бо роҳбари Бонки содироту воридоти Чин ва Губернатори музофоти Хэнан

20.05.2013 11:42, Чин

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин, ҳамчунин як зумра мулоқотҳои судбахши дигар бо роҳбарони чанде аз сохторҳои соҳибнуфузи Чин анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ бо Раиси Бонки содироту воридоти Чин Ли Жео Гу нахуст ба роҳбарияти он барои маблағгузории лоиҳаҳои сершумори инфрасохторӣ дар Тоҷикистон арзи сипос карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд ҳаҷм ва арсаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи Чин афзун хоҳад шуд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба тезондани маблағгузорӣ барои сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа, татбиқи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” - шабакаи идораи автоматии нақлиёт дар шаҳри Душанбе, хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, навсозии зеристгоҳи 500 киловолтаи Регар  ва дигар лоиҳаҳои ҳаётан муҳим сурат гирифт.

Дар мулоқот бо  Губернатори музофоти Хэнан Се Фучжан масоили ҳамкории рушдёбанда, асосан дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Ба нахустин натиҷаҳои ин ҳамкорӣ, ки дар ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румии Тоҷикистон ба назар мерасад, баҳои баланд дода шуд.

Барои густариши бештари ҳамкорӣ дар ин соҳа доир ба сохтмони як корхонаи истеҳсоли тухмии зироатҳо ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Масоили ҳамкорӣ дар дигар самтҳои барои ҳарду ҷониб судбахш низ баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520