Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

17.01.2006 15:49, Эрон

Субҳи рӯзи 17 январи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҷиҳати анҷом додани мулоқоти расмӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Қасри раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон омад.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқоти хосаи як ба яки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва сипас мулоқот бо иштироки ҳайатҳо доир гардид.

Дар мулоқоти сарварони давлатҳои Тоҷикистону Эрон доираи васеи масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.

Таҳкими дӯстӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон аст, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва афзуд, ки сафари расмии мо оғозгари марҳилаи нав ва муҳимми ҳамкориҳои рушдёбанда ва мутақобилан судманди ду кишвари дӯст хоҳад гашт.

Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни равобити Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ намуда иштироки сармоя ва мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бунёди нақби Анзоб, нерӯгоҳи обии барқии "Сангтӯда-2" ва тасмими иштирокро дар нақби Шаҳристон намунаи олии ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуданд.

Мусоҳибон татбиқи амалии лоиҳаҳои стратегии соҳаи гидроэнергетика ва роҳсозии Тоҷикистонро дорои аҳамияти бузург ва манфиатнок барои кулли кишварҳои минтақа маънидод намуда, иштироки ҳамаи кишварҳои манфиатдорро дар он амри зарурӣ ва фоидабахш номиданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамкориҳои суръатбахши минтақавӣ дар соҳаи иқтисоду савдо, саҳмгузории муштарак дар бозсозии баъдиҷангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷчӯҳи тарафҳо мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба муносибатҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, дипломатӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки суръати густариши ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвар минбаъд низ боло хоҳад рафт, зеро, - таъкид намуд ӯ, - мо ҳеҷ монеае барои рушди ҳамкориҳо надорем.

Дар давоми мулоқоти тӯлонию пурмӯҳтаво, ки дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум оид ба тамоми масоили мавриди таваҷчӯҳи ҷонибҳо ҷараён гирифт, тарафҳо омодагии худро баҳри таҳкиму тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст таъкид намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520