Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Владимир Путин

26.01.2006 18:00, Россия

Рӯзи 24-уми январ дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

"Таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи стратегӣ бо Федератсияи Россия аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад",- изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов.

Ҷонибҳо аз ҷараёни муносибатҳои бисёрҷабҳаи Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки баҳри боз ҳам густариш додани равобити дӯстонаи ҳамкорӣ аз ҳамаи имконоти мавҷуда истифода хоҳанд кард.

Ҷонибҳо ба суръат ва сифати корҳои ширкати РАО ЕЭС-и Федератсияи Россия баҳри сохтмони нерӯгоҳи обии барқии "Сангтӯда-1" баҳои баланд дода, онро яке аз натиҷаҳои муҳимми ҳамкории самарабахши дуҷониба арзёбӣ намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин атрофи корҳо дар нерӯгоҳи обии барқии "Роғун" ва ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва савдо мубодилаи афкор карданд. Қайд карда шуд, ки мубодилаи мол байни Тоҷикистону Россия дар соли 2005 аз ҳамаи солҳои пешин зиёд гашта, ба ҳадди 430 миллион доллари ИМА расид.

Сарони Тоҷикистону Россия ҳамчунин оид ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё табодули назар намуда, ба Иттиҳод ҳамроҳ гаштани Ҷумҳурии Узбекистон ва иштироки онро дар ҳама санадҳои амал кунандаи он аз масъалаҳои асосии ҷамъомад арзёбӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520