Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Бозор Собир

30.05.2013 12:29, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат Бозор Собир, ки солҳои зиёд дур аз Тоҷикистон, дар Амрико иқомат дошт, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири даъват барои бозгашт ба Ватан арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «Шумо ҳамеша дар ёди мо будед ва ҳастед ва ин бори аввал нест, ки мо Шуморо ба Ватан даъват кардаем».

Зимни суҳбат доир ба имрӯзу ояндаи фарҳанги миллии Тоҷикистон, шеъру шоирӣ ва тақвияти пайванди наслҳо дар ин самти барои рушди арзишҳои волои миллию давлатдорӣ басо муҳим гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Тавре зикр гардид, Бозор Собир ин дафъа ба Ватан барои иқомати доимӣ баргаштааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520