Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Гарлики Туркманистон

05.06.2013 18:55, Туркманистон

Дар шаҳраки Гарлики Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се мулоқоти судманд анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки минбаъд низ ҳамгироии судбахши худро ба нафъи мардумони ду кишвар ва кулли минтақа густариш мебахшанд.

Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Афғонистон гуфтугӯй сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани  Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, татбиқи дигар лоиҳаҳои минтақавӣ, аз қабили хатти барқии CASA-1000 ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зоҳир гардид.

Табодули андеша, ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамгироии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар, аз ҷумла барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади миёни ду кишвар ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру аслиҳаи оташфишон доир гардид.

Дар шаҳраки Гарлик, ҳамчунин мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории минтақавию ҷаҳонии се кишвари дӯсту ҳамсоя, аз ҷумла дар ҷараёни сохтмон ва ба баҳрабардорӣ расондани роҳи оҳани  Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон баррасӣ шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520