Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

15.06.2013 11:14

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоро, ки ба вазифаи роҳбарӣ дар муассисаҳои таҳсилотҳои олии кишвар, соҳаи кишоварзӣ ва мақомоти корҳои дохиливу кумитаи давлатии амнияти миллӣ пешниҳод шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадқул Каримов Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Саидамир Ҷононов Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Ҷамшед Ғаниев Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Ғоиб Давлатов Директори Муассисаи давлатии “Маркази идоракунии лоиҳаи “Рушди деҳот” таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Нуробод, шӯъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон ва сардори қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, баланд бардоштани сифату таълими тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисоси дорои диду тафаккури муосир ва ҷорӣ намудани технологияҳои ҳозиразамони таълимӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520