Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо рӯзноманигорони кувайтӣ

15.06.2013 11:23

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои як гурӯҳ рӯзноманигорони маъруфи кувайтӣ посух гуфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин мусоҳиба, чун анъана, дар арафаи сафари давлатии қарибулвуқуи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт сурат гирифт.

Гурӯҳи хабарнигорони кувайтӣ, ки бо намояндагӣ аз шабакаҳои маъруфи телевизионӣ, агентиҳои иттилоотӣ ва рӯзномаҳои ин кишвари арабӣ ҳузур доштанд, аз ҳадафҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт, натиҷаҳои мунтазираи он, фазои ҳуқуқии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, имконоти рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ пурсон шуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорони кувайтӣ посухҳои муфассалу густурда дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки боздиди навбатии ӯ аз Давлати Кувайт, ки мақоми давлатӣ дорад, «оғозбахши марҳилаи сифатан нав дар муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар хоҳад буд».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520