Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

06.07.2005 18:00, Қазоқистон

Нимаи дуюми рӯзи 4 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бао сафари корӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон омад.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Остона Сарвари Давлати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Токаев сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Акбаршо Искандаров ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ҳадафи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба шаҳри Остона иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай буд.

Ҷаласаи Шӯрои Сарони мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай субҳи рӯзи 5 июли соли 2005 дар Қасри Акорд баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Хитой Ху Тзин Тао, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев масъалаҳои рӯзномаи кориро муҳокима намуданд.

Сарони мамлакатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таҳияи Консепсияи нави амният, таҳкими сатҳи эътимод, ихтисори байниҳамдигарии қувваҳои мусаллаҳ дар сарҳадот, инкишофи ҳамкориҳои самарабахши сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ, инчунин таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои маориф, энергетика, нақлиёт, экология ва дар ҳамдастӣ таъмини суботу амнияти минтақавиро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти созмон арзёбӣ намуданд.

Сипас дар Қасри Акорд Ҷаласаи Шӯрои Сарони мамлакатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматӣ ба кори худ оғоз кард ва таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷараён гирифт.

Дар назди иштирокчиёни ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо таклифу пешниҳодоти асосноки фарогири манфиати умумии мамолики аъзо суханронӣ намуд.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар шароити бархурдҳои шадиди геополитикӣ таҳким бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя бо мақсади истифодаи ба ҷонибҳо манфиатноки захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ, бунёди роҳҳои стратегӣ, дар ҳамин замина фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди додугирифту рафтуомади шаҳрвандон, равнақи тиҷорати озод, ташкили бозори ягонаи мол, нерӯҳои корӣ ва иттилоот зарурати амалӣ ва талаби замон аст.

Аксари муноқишаҳои минтақавию ҷаҳонӣ бар асари мушкилоти захираҳои табиӣ, рақобати шадиди иқтисодӣ, мавҷудияти камбизоатӣ ва авҷи талошҳои зери назорат қарор додани минтақаҳои муҳими иқтисодӣ ба амал меоянд, - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов.

Таклифу пешниҳод ва муҳокимарониҳои мантиқан реалии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов вобаста ба дарёфти роҳҳои нави ҳамкориҳои серсамтаю бисёрҷабҳа ва ривоҷу равнақи ҳамкориҳои минтақавӣ аз ҷониби Сарони мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай комилан ҷонибдорӣ ёфтанд.

Дар ҷаласа дархости Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон барои ба онҳо додани мақоми мамлакатҳои мушоҳид дар назди Созмони ҳамкориҳои Шанхай пазируфта шуд.

Дар хатми ҷаласа чанд созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Эъломияи Сарони мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созишнома оид ба расонидани ёрӣ дар мавриди бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, Созишнома оид ба тартиби ташкилу баргузории тадбирҳои зиддитеррористӣ дар қаламрави мамлакатҳои узви созмон ва Консепсияи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм ба имзо расид.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони мамлакатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, тантанаҳои ҷашни 5-солагии созмон ва 10 солагии ба имзо расидани Созишнома оид ба таҳкими боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар қисматҳои сарҳадӣ соли оянда моҳи июл дар Ҷумҳурии Мардумии Хитой баргузор хоҳад шуд.
Дар нишасти матбуотӣ Сарони мамлакатҳо аз натоиҷи ҷаласаи Шӯро изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар доираи барномаи сафари корӣ ба шаҳри Остона нимаи дуюми рӯзи 4 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот кард.

Дар ҷараёни сӯҳбати созанда маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ ва муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо аз ривоҷи ҳамкориҳо дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Тавре дар мулоқот зикр ёфт, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, вусъати фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ, иштироки Ҷумҳурии Қазоқистон дар татбиқи лоиҳаҳои стратегии азхудкунии захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду мамлакати дӯст хоҳад буд.

Дар ҷараёни сӯҳбати пурмӯҳтавою созанда ҳамчунин доир ба тақвияти фаъолияти комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика саноати куҳӣ, таъмини иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи сӯзишворӣ табодули афкор карда шуд. Дар вохӯрӣ тазаккур дода шуд, ки гардиши мол миёни ҷумҳуриҳо 3 баробар афзуда дар муқоиса бо соли 2003 дар соли 2004 212,5 баробар зиёд шуда, дар нимаи аввали соли 2005 нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2004 130 фоиз афзун гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба масоили минтақавию байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов даъват ба амал овард, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф биёрад ва ин даъват бо камоли майл пазируфта шуд. Мӯҳлати сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.

Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона субҳи рӯзи 5 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Хитой Ху Тзин Тао мулоқот намуд.

Мавзӯи сӯҳбати ҷонибҳо маҷмӯи фарохи муносибатҳои дӯстонаи ҳамкорӣ, робитаҳои қавиасоси иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиро фаро гирифт.

Мо аз татбиқи созишномаҳои қаблан ба имзорасидашуда фаъолияти пурсамари комиссияи байниҳукуматӣ ва рушди робитаҳои илмию фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Хитой қаноатмандем, - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва афзуд, ки дар заминаи талошу хоҳишҳои ҳарду кишвари дӯст ва доираҳои тиҷоратӣ, гардиши мол миёни ҳарду давлат вусъати ба ҳар ду тараф бобарор пайдо намуда, ба таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Хитой такони тоза мебахшад.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Хитой Ху Тзин Тао ба талошҳои шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар мавриди саҳмгирии амиқ барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра, тақвияти муборизаҳои ҷаҳонӣ алайҳи таҳдидҳои глобалӣ ва таъмини суботу амнияти минтақа ва ҷаҳон баҳои баланд дода, бори дигар омодагии ҷониби Хитойро ҷиҳати инкишофи робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард. Ху Тзин Тао ёдрас шуд, ки ояндаи хеле наздик ҳайати баландпояи ҳукуматиро барои омӯзиши имкониятҳои нави ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе мефиристад.

Мусоҳибон таҳкими равобити иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва саҳмгузорӣ дар амалигардонии лоиҳаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз самтҳои афзалиятноки дурнамои ҳамкориҳо маънидод карданд.

Дар ҷараёни сӯҳбати доманадору созанда атрофи масъалаҳои рӯзномаи кории ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай низ табодули назари судманд карда шуд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Хитой Ху Тзин Тао мужда расонид, ки бо нишони исботи амиқи ҳамкориҳои судманду эътимодбахш барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 миллион юан ёрии бебозгашт ҷудо менамояд.

Дар сӯҳбат ба масъалаҳои дорои характери байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла зарурати афзалияти ислоҳоти сохтории СММ, таъмини суботу амнияти минтақа, инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ ва робита бо созмону ташкилотҳои молиявию иқтисодии сайёра диққати хоса дода шуд.

Нимаи дуюми рӯзи 5 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Остона бо Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Намбарин Энхбаяр мулоқот намуд.

Дар вохурӣ муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Тавре дар сӯҳбат тазаккур дода шуд сатҳи муносибати дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон ҷавобгӯи талаби рӯз нест, гарчанде имкониятҳо хеле зиёданд.
Тарафҳо бо изҳори эътимоди қавӣ ба дурнамои робитаҳои пурсамар доир ба дарёфти роҳҳои вусъатбахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таҳияи созишномаҳои байниҳукуматӣ, таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ ва муносиботҳои дӯстонаи илмию фарҳангӣ андешаҳои судманд баён доштанд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои чорводорӣ, коркарди пӯст, саноати кӯҳӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Муғулистон ба ҳар ду ҷониб манфиатнок аст, - таъкид гардид дар мулоқот.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Намбарин Энхбаяр ҳамзамон ба муҳимтарин масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ диққати махсус дода, ривоҷи муносиботи дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ояндадору манфиатбахш номиданд.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо ноиби аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризои Ориф мулоқоти самимию тӯлонӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ асосан масъалаҳои татбиқи амалии лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ, ба хусус нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва роҳи зеризаминӣ тавассути ағбаи Анзоб баррасӣ шуданд.

Вусъати робитаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, афзоиши гардиши мол, ҳамкориҳои пурсамари доираҳои тиҷоратии ҳар ду ҷониб ва равнақи муносибатҳои илмию фарҳангӣ аз талошҳои рӯзафзуни халқҳои дусту бародар шаҳодат медиҳад, - тазакур дода шуд дар сӯҳбат.
Ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризои Ориф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов барои мусоидати ҳамаҷониба ва дастгирии шахсӣ ҷиҳати қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сифати мушоҳиди Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз номи халқу давлати мамлакаташ изҳори сипосу қадрдонӣ намуд.

Дар мулоқот ба маҷмӯи васеъи масъалаҳои ҳамкорӣ, ривоҷи ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамзамон масоили дорои характери иқтисодию тиҷоратӣ мароқи хоса зоҳир карда шуд.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Остона вазири корҳои хориҷии Ҳиндӯстон Натвар Сингро ба ҳӯзур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Бо назардошти ҷаласаи қарибулвуқӯъи комиссияи байниҳукуматии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аснои сӯҳбат ба масъалаи инкишофи робитаҳои бисёрсамтаи иқтисодию тиҷоратӣ, вусъати гардиши мол миёни ҷумҳуриҳо, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус дар ҷодаи азхудкунии захираҳои обӣ, канданиҳои фоиданоки кӯҳӣ ва ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолу коркард диққати хоса дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими муносиботи дуҷониба бо Ҷумҳурии Ҳиндустон манфиатдор буда, ба ояндаи бобарору пурсамари ҳамкориҳо эътимоди амиқ дорад.

Таъкид гардид, ки ба ҳайси мушоҳид пазируфта шудани Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай омили муҳими рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими муносиботи бисёрҷонибаи серҷабҳа дар доираи ин созмони мӯътабари ҷаҳонӣ мебошад.

Ҷонибҳо ба сатҳи баланд бардоштани заминаҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва таҳияи созишномаҳои иқтисодию тиҷоратии ба ҳар ду тараф манфиатнокро амри саривақтию зарурӣ маънидод намуданд.

Дар мулоқот доир ба муҳимтарин масъалаҳои дорои характери минтақавию байналмилалӣ табодули назар карда шуд.

Субҳи рӯзи 6 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шавкат Азиз мулоқот кард.
Дар сӯҳбат муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, қабл аз ҳама бунёди роҳи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон тавассути дараи Вахон, ҳамзамон нақшаи интиқоли нерӯи барқ дар заминаи саҳмгузорӣ дар лоиҳаҳои инвеститисионии энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дода шуд.

Тавре дар вохӯрӣ таъкид ёфт, оғози сохтмони пули бузурги миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз болои дарёи Панҷ ба татбиқи муваффақонаи Созишномаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мусоидати амиқ хоҳад кард.

Шавкат Азиз ба талошҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар бахши рушди ҳамкориҳои минтақавӣ баҳои баланд дода, инчунин барои дастгирии фаъол аснои қабули Ҷумҳурии Исломии Покистон ба сифати мушоҳиди Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сипосгузорӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шавкат Азиз ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пайвастани Ҷумҳурии Исломии Покистонро боз як марҳилаи бобарору серҷабҳаи ҳамкориҳо номиданд.

Дар вохӯрӣ вусъати муборизаҳои муштараки ҷаҳонӣ алайҳи терроризм ва дигар зуҳуроти вобаста ба он, таҳкими раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон аз муҳимтарин масъалаҳои рӯз арзёбӣ гардид.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо истифода аз имкониятҳои мусоид бо Раиси Хазинаи сармоягузории Ҷумҳурии Қазоқистон Зайнулло Ҳакимҷонов вохӯрӣ намуд.

Дар сӯҳбат ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои соҳибкорону тоҷирони ҳар ду мамлакат дахл карда, тарафҳо дар мавриди ташкили мулоқоти соҳибкорон, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои хурду бузурги коркарди зироатҳои кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноат ва иштирок дар лоиҳаҳои стратегии соҳаи энергетика ва канданиҳои зеризаминӣ мувофиқа ҳосил намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов тазакур дод, ки барои ҷалби сармоя ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорону тоҷирони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои қарордодию ҳуқуқӣ устувор гардидаанд.

Раиси Хазинаи сармоягузории Ҷумҳурии Қазоқистон Зайнулло Ҳакимҷонов омодагии хешро бобати саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби доираҳои бонуфузи соҳибкории Ҷумҳурии Қазоқистон барои рушди муносиботи дуҷониба изҳор дошт.

Нимаи дуюми рӯзи 6-уми июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ватан баргашт.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов, вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520