Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохўрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев

19.08.2010 19:00, Россия

Дар шаҳри Сочи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев мулоқот намуд.

Дар вохўрӣ маҷмўи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Дмитрий Медведев дар оғози сўҳбат аз баргузорӣ ва натиҷаҳои мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: «ташаббуси Шумо дар бораи ба роҳ мондани мулоқотҳои чорҷониба ба ман хеле писанд омад, зеро ин ҳамоишҳо дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ басо муҳиманд ва мо ин гуна робитаҳоро бояд идома диҳем».

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев «таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русияро аз ҳадафҳои муштараки роҳбарияти ҳарду кишвар» арзёбӣ намуданд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ зоҳир карда шуд.

Тезондани татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодию сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла корҳои ҷустуҷуӣ-иктишофӣ дар конҳои газ ва сохтмони нерўгоҳҳои миёнаиқтидори обии барқӣ дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Аз фаъол гаштани филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва омодагӣ ба ифтитоҳи филиалҳои ду мактаби олии дигари Русия дар Тоҷикистон ва марказҳои фарҳангию иттилоотии ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев як қатор мувофиқаҳои муҳим ба даст омаданд, ки барои рушди муносибатҳои шарикии статегию иттифоқчигӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар аҳамияти бағоят калон доранд.

Аз ҷумла:

- Барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ҳудуди Русия ва шабакаи РТР планетаи Русия дар қаламрави Тоҷикистон пахш мешаванд;

- Заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии Тоҷикистону Русия оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ такмил дода мешавад, аз ҷумла мўҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия аз 3 рўз ба 90 рўз дароз карда мешавад;

- Барномаи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия барои солҳои 2011-2015 ва нақшаи татбиқи он таҳия ва қабул мегардад;

- Қарзи ширкати Барқи тоҷик дар назди нерўгоҳи обии Сангтўда-1 мутобиқи ҷадвали муайяншуда пардохт карда мешавад;

Ҳамчунин қарор карда шуд, ки роҳбарияти сиёсии Тоҷикистону Русия баҳри баррасии масоили муҳими дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ робитаи доимӣ дошта бошанд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанба ва муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо чанд нафар роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ва тоҷикистониёни кишвари Краснодари Русия сўҳбат намуда, ба онҳо барои кори намоёнашон дар пуштибонӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанон арзи сипос намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520