Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев

30.07.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ҳамчунин мулоқоти дуҷониба анҷом дод.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Аз пурра омода гаштани нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва аз татбиқи амалии дигар мувофиқаҳои бадастомада, аз ҷумла ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки филиалҳои Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишкадаи пӯлод ва гудохтаҳои Маскав дар шаҳри Душанбе соли оянда ифтитоҳ меёбанд.

Оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, ҷустуҷӯ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва дигар канданиҳои фоиданок, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории иқтисодӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Дмитрий Медведев омодагии ҷониби Русияро ба идома додани иштирок дар бунёди як қатор нерӯгоҳҳои дигари обӣ, ҷустуҷӯ ва истихроҷу коркарди нафту гази Тоҷикистон бори дигар таъкид намуд.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба қарор омаданд, ки дар Тоҷикистон як корхонаи муштараки Тоҷикистону Россия оид ба истеҳсоли лампаҳои каммасраф бунёд ёбад.

Аз ҷараёни ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сарони ду давлат ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистону Покистон, таъсири он ба кишварҳои минтақа ва доир ба роҳҳои мубориза бо зуҳуроти терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯ намуданд.

Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба як Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодабарии Нерӯгоҳи обии «Сангтӯда-1» ба имзо расид.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 12 нафар шаҳрвандони Русия, ки дар сохт мони нерӯгоҳи обии Сангтӯда – 1 ба муваффақияту комёбиҳои зиёд мушарраф шуда, дар таҳкими дӯстию бародарӣ ва мубодилаи донишу таҷриба миёни бинокорони ду кишвар саҳми намоён гузоштаанд, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд.

Аз ҷумла 1 нафар бо ордени «Дӯстӣ», 1 нафар бо ордени «Шараф дараҷаи 1», 3 нафар бо ордени «шараф дараҷаи 2», 7 нафари дигар бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.

Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев низ дар навбати худ ба ҳамин қадар шаҳрвандони Тоҷикистон – бинокорони нерӯгоҳи обии Сангтӯда – 1 мукофотҳои давлатии кишвари худро тақдим намуд. 3 нафар бо ордени «Шараф» (орден «Почета») ва 9 нафари дигар бо ордени «Дӯстӣ» (орден «Дружбы») сарфароз гардонида шуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520