Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

20.06.2013 17:18, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Боздиди навбатии мо ба вилояти Суғд аз шаҳри Панҷакент оғоз гардида, дар давоми се рӯз мо бо ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ғончӣ, Ашт, Хуҷанд ва Қайроққум аз наздик шинос шудем.

Мо тасмим гирифтем, ки дар мулоқоти имрӯза бо шумо – роҳбарону масъулон, намояндагони зиёиён, ҷавонон, занон ва умуман аҳли ҷомеаи вилоят корҳои дар давоми солҳои охир анҷомдодаамон, хусусан вазъи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, қонунҳои амалкунанда ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат, нақшаву барномаҳои давлатии доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят қабулшуда, инчунин норасоиву мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои бартарафсозии онҳоро баррасӣ намоем.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо, ҳозирини мӯҳтарам ва кулли мардуми заҳматкашу сарбаланди вилояти Суғдро ба ифтихори шонздаҳумин солгарди сулҳи тоҷикон ва тантанаи ваҳдати миллӣ, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, табрик гуфта, ба хонадони ҳамаатон иқболи баланд ва зиндагии орому осуда орзу менамоям.

Бояд гуфт, ки маҳз хиради азалии сулҳпарварона, сиришти ваҳдатгароёна, азму иродаи созанда ва дастгириву пуштибонии самимонаи халқи азизи Тоҷикистон буд, ки таъмини воқеии истиқлолияти давлатии кишвар ва масъалаҳои рушди мустақилонаи он бо дарназардошти талаботи замони нав марҳала ба марҳала ҳаллу фасл карда шуданд ва мо имрӯз дар шароити сулҳу суботи комил ба заҳмати созандаву бунёдгарона машғул ҳастем.

Ҳамчунин мехоҳам таъкид намоям, ки маҳз аз баракати сулҳу субот мо имкон пайдо кардем, ки раванди рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро оғоз карда, дар ҳамин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро ҳадафи аввалиндараҷаи худ қарор диҳем.

Бо ин мақсад дар давоми солҳои сипаригардида ба мо муяссар шуд, ки дар мамлакат ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоиро амалӣ карда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегиамон дар се самт - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва таъмини амнияти озуқавории он пайваста чораҷӯӣ намоем.

Вобаста ба ин, дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои дар марҳалаи кунунӣ муайянгардида идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди дарозмуддати кишвар, инчунин пешрафти босуботи рушди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимтарини давлатамон муайян гардид.

Ҳукумати кишвар ба хотири ободии ҳамаи гӯшаву канорҳои мамлакат ва беҳбудии рӯзгори сокинони онҳо, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамасола хароҷоти маблағҳои буҷетиро зиёд намуда, ҷиҳати ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.

Илова бар ин, дар зарфи солҳои истиқлолият бо ҷалби маблағҳои сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар ҳудуди вилоят даҳҳо лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ гардида, масъалаҳои муҳиму ҳалталаби рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии он тадриҷан ҳаллу фасл шуда истодаанд.

Махсусан таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд - Чанок, кушодани нақбҳои бузурги Истиқлол ва Шаҳристон, кашидани хатти барқи баландшиддати Ҷануб - Шимол аз ҷумлаи ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ба ҳисоб мераванд, ки дар натиҷаи ба кор оғоз кардани онҳо мушкилоти садсолаҳо мавҷудаи сокинони вилоят, пеш аз ҳама, робитаи доимии вилояти Суғд дар тамоми фаслҳои сол бо пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои мамлакат таъмин гардида, ҳалқаи ягонаи энергетикии кишвар бунёд ва муҳимтар аз ҳама, масъалаи эҳтиёҷоти шадиди аҳолӣ ва талаботи иқтисодиёти вилоят бо нерӯи барқи худӣ хеле беҳтар гардид.

Рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, аз ҷумла аҳолии вилояти Суғд дар мадди назари доимии Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳамин аст, ки шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми солҳои истиқлолияти давлатиамон ба таври назаррас тараққӣ карда, чунонки имрӯз мебинем, хеле ободу зебо гардидаанд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонӣ дар вилоят торафт афзоиш ёфта, дар соли 2012 ба 8 миллиарду 750 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии истеҳсоли молу маҳсулот 2,3 миллиард сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар ҳафт соли охир қариб чор баробар афзоиш ёфтааст.

Бо вуҷуди ин, хотирнишон месозам, ки вилояти Суғд барои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот, махсусан маҳсулоти саноатӣ имкониятҳои зиёд дорад.

Бинобар ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни саноат ва ба ин мақсад ҳарчи бештар ҷалб кардани соҳибкорон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, ҳар як истеҳсолкунанда бояд огоҳ бошад, ки ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дохил гардидани Тоҷикистон ҳамаи моро водор месозад, ки минбаъд молу маҳсулоти истеҳсолкардаамон бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва қобили рақобат дар бозорҳои ҷаҳонӣ бошад.

Дар давоми солҳои истиқлолият Барномаи рушди вилояти Суғд ва барномаҳои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии якчанд шаҳру ноҳияҳои он қабул ва амалӣ шуда истодаанд, ки ҳамаи онҳо бевосита ба пешрафту ободии шаҳру ноҳияҳои вилоят нигаронида шудаанд.

Дар ин давра барои тараққиёти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Таҳлили хароҷоти маблағҳо барои рушди вилоят дар ҳафт соли охир нишон медиҳад, ки агар маблағҳои буҷети маҳаллӣ 3 миллиарду 900 миллион сомониро ташкил дода бошанд, пас аз ҳисоби фонди захиравии Президент ва дигар маблағҳои Ҳукумати мамлакат, инчунин тавассути маблағгузориҳои соҳавии вазорату идораҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ 4,1 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Дар давоми ин солҳо дар қаламрави вилоят танҳо аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла дар доираи 20 лоиҳаи сармоягузории анҷомёфта қариб 1,4 миллиард сомонӣ ва дар доираи 18 лоиҳаи сармоягузории амалкунанда 1,6 миллиард сомонӣ маблағҳо азхуд карда шудаанд.

Ҳукумати мамлакат тавассути татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бунёди нақбу роҳҳои мошингард, сохтмони хатҳои интиқоли барқ, беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳо ва рушди деҳот, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, беҳтарсозии таъминоти аҳолии вилоят бо оби ошомиданӣ ва барқарорсозии шабакаҳои ирригатсионӣ ва идоракунии захираҳои об чораҳои мушаххас андешида истодааст.

Яке аз мушкилоти асосии аҳолии вилоят ҳанӯз аз давраи шӯравӣ таъминот бо оби ошомиданӣ мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи чор лоиҳаи сармоягузорӣ, ки маблағи умумии онҳо 165 миллион сомонӣ мебошад, ҷиҳати беҳтар кардани шароити обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Чкалов, Истиқлол ва Қайроққум то имрӯз беш аз 70 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Ҳоло масъалаи обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд 70 фоиз беҳтар карда шуда, дар муддати ду соли наздик масъалаи мазкур пурра ҳал мегардад.

Инчунин дар доираи марҳалаи дуюми татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон ба маблағи қариб 75 миллион сомонӣ шароити обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон ва Зафаробод беҳтар карда мешавад.

Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ҷиҳати татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ доир ба беҳтар кардани таъминоти мардуми вилоят бо об тадбирҳои мушаххасро амалӣ созанд.

Ҳамин тавр, дар ҳудуди вилояти Суғд дар зарфи солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ қариб 5,5 миллиард сомонӣ азхуд карда шуда, ба маблағи 4,3 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро ва умуман 1300 иншоот бо маблағи умумии 3,7 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамаи чорабиниҳои зикршуда, пеш аз ҳама, барои таъмин намудани тараққиёти минбаъдаи вилоят ва боз ҳам беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардида, бешубҳа, ба баланд гардидани некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳанд кард.

Пасандозҳои аҳолии вилояти Суғд аз 10 миллион сомонӣ дар соли 2000-ум то ба ҳол мунтазам афзоиш ёфта, имрӯз қариб ба як миллиард сомонӣ баробар гардидааст.

Яъне дар ин давра пасандозҳои аҳолӣ қариб сад баробар зиёд шудааст.

Тибқи маълумот дар вилоят ҳамасола миқдори воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомашинаҳои сабукрав тадриҷан зиёд гардида истодааст. Агар дар соли 2000 дар қайди давлатӣ шумораи воситаҳои нақлиёти сабукрав 54600 адад бошад, пас ба ҳолати семоҳаи аввали соли ҷорӣ миқдори онҳо қариб 140 ҳазорро ташкил додааст.

Яъне дар ин давра шумораи нақлиёти сабукрав дар вилоят беш аз дуюним баробар зиёд гардидааст.

Танҳо соли 2012 ба вилоят ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ 46 ҳазор автомашинаи сабукрав ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2006 қариб 18 ҳазор адад зиёд мебошад.

Агар дар соли 2000-ум шумораи муштариёни телефонҳои мобилӣ ҳамагӣ чоруним ҳазор ва хизматрасониҳои шабакаи интернет ба аҳолӣ дар марҳалаи оғоз қарор дошта бошад, пас ҳоло шумораи муштариёни ширкатҳои мобилӣ қариб ба ду миллион ва истифодабарандагони шабакаи интернет ба як миллион нафар расидааст.

Дар зарфи 20 соли охир дар вилоят беш аз 460 ҳазор, аз ҷумла дар ҳафт соли охир 240 ҳазор ва танҳо дар 5 моҳи соли ҷорӣ 26 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба масъалаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳамчун самти муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон, хусусан ба онҳое, ки бо соҳибкории истеҳсолӣ машғуланд, додани маблағҳои қарзӣ таваҷҷӯҳи доимӣ медиҳад.

Масалан, агар соли 2000-ум ба субъектҳои соҳибкории вилоят ҳамагӣ 29 миллион сомонӣ қарз дода шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2012 ба беш аз 1,4 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.

Аз ҷумла қарздиҳии хурд дар вилоят тадриҷан афзоиш ёфта, аз 5,5 миллион сомонии соли 2000-ум то ба 1,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 расидааст.

Яъне дар 12 соли охир маблағҳои қарзи ба соҳибкорон додашуда беш аз 47 баробар зиёд гардида, дар соли 2012 –ум 64 фоизи қарзҳои додашуда ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Вале ин нишондиҳандаҳо ҳоло ҳам қонеъкунанда нестанд.

Зеро пешрафти соҳибкории хурду миёна ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони истеҳсолӣ омили асосии тавассути воридоти технологияи муосир таъсис додани корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ буда, дар рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши бузург мебозад.
Бинобар ин, ба ташкилотҳои қарзӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми маблағҳои қарзӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории хурду миёна, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар вилояти Суғд шумораи субъектҳои соҳибкорӣ торафт зиёд гардида, ин нишондиҳанда дар дувоздаҳ соли охир аз 25 ҳазор ба 50 ҳазор расидааст. Яъне теъдоди субъектҳои соҳибкорӣ ду баробар зиёд гардидааст.

Дар се соли охир танҳо аз ҷониби соҳибкорон 230 иншооти мухталиф бо 9000 ҷойҳои нави корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Инчунин аз ҷониби ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва шахсони алоҳида дар вилоят корҳои хайру эҳсонкорӣ ба як анъанаи нек табдил ёфта, дар ин давра қариб 3000 тӯйҳои арӯсиву домодӣ ва хатнасур баргузор гардидааст. Ҳамзамон бо ин, қариб ба 24 ҳазор нафар кӯмак расонида шудааст.

Бинобар ин, ба ҳамаи роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорони бонангу номус ва дигар шахсони ҳимматбаланде, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, махсусан муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони эҳтиёҷманд саҳмгузоранд, миннатдории Ҳукумати мамлакатро баён менамоям.

Дӯстони азиз!
Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятноки вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, тавассути тадриҷан баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва воридоту истифодаи технологияҳои пешқадам таъмин кардани истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи бозори дохиливу берунӣ ҷавобгӯ, бунёди корхонаҳои ҳозиразамон ва ба ин восита ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи амалишавии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ҳамасола дар вилоят садҳо корхонаҳои нав бунёд шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ торафт афзуда истодааст. Дар натиҷа, соли 2012 ҳиссаи истеҳсоли молҳо дар таркиби маҳсулоти умумии вилоят 57 фоизро ташкил додааст.

Агар дар соли 2006 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 777 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2012 ба 3 миллиарду 670 миллион сомонӣ расидааст. Яъне танҳо дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд қариб 5 баробар зиёд гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли молҳои саноатӣ дар вилоят соли 2012 нисбат ба соли 1996-ум 4,2 баробар зиёд шудааст. Инчунин суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молҳои саноатӣ дар вилоят нисбат ба нишондиҳандаи соли 1991-ум 106 фоизро ташкил додааст.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки на ҳамаи захираву имкониятҳо ҳанӯз пурра истифода мешаванд. Масалан, аз 297 корхонаи саноатии вилоят 205 корхона суръати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуда, дар 70 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот кам шудааст ва 22 корхона умуман фаъолият накардааст.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаи истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда ва ташкили фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди маҳсулот аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Дар натиҷаи фароҳамсозии шароити мусоид дар мамлакат ҷалби сармоягузориҳо барои рушди соҳаи саноат торафт афзун гардида истодааст.

Дар давоми солҳои истиқлолият ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти воқеии вилоят тақрибан 3,6 миллиард сомониро ташкил додааст.

Аз ҷумла зиёда аз 63 корхонаи муштарак ба фаъолият шурӯъ намудааст, ки калонтаринашон корхонаҳои муштараки «Зарафшон», «Апрелёвка», «Оби Зулол», «Ҷавонӣ», «Анзоб», “Олими Каримзод”, “Хуҷанд – Котон-Инвест”, Корхонаи муштараки «САТН» ва «Саноати маъдани Тоҷикистону Чин» ба шумор мераванд.

Рушди соҳаи коркарди маъдан ва металлҳои ранга яке аз самтҳои афзалиятноки саноати вилоят ба ҳисоб рафта, имконияту захираҳо хеле калон мебошанд.

Мо зимни боздид аз шаҳри Панҷакент дар маросими ба фаъолият оғоз кардани коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқра дар назди Корхонаи муштараки «Зарафшон» бо иқтидори солонаи 5 ҳазор килограмм тиллои холис дар як сол ширкат доштем. Пешбинӣ шудааст, ки дар оянда иқтидори коргоҳ то ба 10 ҳазор килограмм расонида мешавад. Ҳоло дар коргоҳи мазкур 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи Тоҷикистон аввалин маротиба бо воридоти технологияи муосир металлҳои қиматбаҳо тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ холис гардонида, тамғагузорӣ шуданд.

Инчунин дар назди Корхонаи муштараки “Зарафшон” сохтмони коргоҳи нави маъдантозакунӣ бо иқтидори коркарди шабонарӯзии 10 ҳазор тонна маъдан оғоз ёфт ва он тибқи нақша дар нимсолаи дуюми соли 2014 ба истифода дода мешавад. Дар коргоҳи мазкур 300 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Ҳамчунин то охири соли 2013 асосноккунии иқтисодиву техникии сохтмони корхонаи коркарди миси холис ба анҷом мерасад.

То соли 2015 иловатан қариб 500 миллион сомонӣ барои рушди Корхонаи муштараки «Зарафшон» сармояи хориҷӣ ворид карда мешавад.

Дар ин раванд дар хотир бояд дошт, ки ҳарчи зиёдтар ва пурра дар дохили мамлакат коркард шудани маҳсулот ва сарватҳои табиии кишвар манфиати зиёди иқтисодӣ дошта, боиси ташкилёбии ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.

Тавассути дастгирии рушди саноат ва соҳибкориву сармоягузорӣ ташкил намудани корхонаҳои нав, таъмини фаъолияти иқтидорҳои бозистода ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.

Махсусан дар ду-се соли оянда тавассути бунёди корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол коркарди сурма то маҳсулоти тайёр ба роҳ монда мешавад. Яъне дар корхонаи истихроҷи маъдани Зарнисор ва коркарди он дар шаҳри Истиқлол дар маҷмӯъ қариб 3000 ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Нақшаи амал оид ба таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» қабул карда шудааст, ки мутобиқи он соли 2012 дар вилоят 102 корхонаи нав сохта, ба истифода дода шуда, дар онҳо қариб 4 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Инчунин дар вилоят дар 5 моҳи соли ҷорӣ 62 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бунёд гардида, ба фаъолият шурӯъ кардааст. Яъне дар ин давра, танҳо дар соҳаи саноат беш аз ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Дар се соли охир дар вилоят 229 корхонаи нави хурду калони саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, қариб 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд ва бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсоли шишаи сохтмонӣ, коғаз, тиллову нуқраи холис, қубурҳои пластикӣ ва дигар навъҳои маҳсулоти воридотивазкунанда ба роҳ монда шудааст.

Итминон дорам, ки то охири сол боз даҳҳо корхона ва иқтидорҳои саноатӣ бунёд ва дар онҳо садҳо нафар шаҳрвандон бо ҷойи нави корӣ таъмин карда хоҳанд шуд.

Вале дар баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ба масъалаи ташкили корхонаҳои нав ва таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ дар маҳалҳои эҳтиёҷманд низ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Вобаста ба ин, роҳбарони сохтору мақомоти марбута ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати мамлакатро таъмин намоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 90 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз тарафи ширкату корхонаҳои ғайридавлатӣ истеҳсол гардида, ҳиссаи соҳибкорони инфиродӣ ва хурд дар вилоят торафт афзуда истодааст.

Бинобар ин, ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як ташаббуси созандаи соҳибкоронро дастгирӣ карда, ҷиҳати бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Дирӯз мо бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос гардидем. Ҳоло воридоти таҷҳизот ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла дар корхонаҳои муштараки он босуръат идома доранд.

Дар доираи Барномаи Ҳукумати мамлакат «Дар бораи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминии аввалия дар солҳои 2007-2015» дар Минтақаи озоди иктисодӣ корхонаи коркарди алюминий бо иқтидори истеҳсоли 3000 тонна маҳсулоти тайёрро ба роҳ мондааст, ки дар он 70 ҷойи кории нав ташкил карда шудааст.

Ҳаҷми сармоягузории мустақим ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 28 миллион сомониро ташкил дода, дар ин Минтақа танҳо соли ҷорӣ 90 ҷойи кории нав ташкил шуда, айни замон 300 нафар шаҳрвандон дар коргоҳҳои он бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бояд ба як маркази бузурги саноатӣ табдил дода шуда, молу маҳсулоти дар он истеҳсолгардида иқтидори содиротии мамлакат ва рушди соҳаи саноатро тақвият бахшад.

Илова бар ин, бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи саноат дар вилоят лозим аст, ки иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ бо воридот ва насби таҷҳизоти технологии замонавӣ ба кор дароварда шаванд.

Инчунин бо дарназардошти мавҷуд будани базаи фаровони ашёи хом бояд то маҳсулоти тайёр коркард намудани маъдан ва маҳсулоти кишоварзӣ ҳарчи бештар ба роҳ монда шавад ва дар сатҳи зарурӣ ташкил кардани коркарди пурраи нахи пахта, пилла ва маҳсулоти чорво яке аз ҳадафҳои асосии саноат ҳисобида шавад.

Соҳаи энергетика аз муҳимтарин рукни иқтисоди кишвар буда, бо таваҷҷӯҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ҳамасола рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст.
Дар зарфи солҳои истиқлолият бо мақсади беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисодиёт ва талаботи аҳолии вилояти Суғд бо барқ дар қаламрави вилоят аз ҳисоби маблағгузориҳои дохиливу хориҷӣ қариб 1200 километр хатҳои интиқоли барқ ва 17 адад зеристгоҳи барқӣ ба маблағи умумии 1,2 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Аз ҷумла, шабакаҳои барқии ҷануби мамлакат бо қисмати шимол тавассути хатти интиқоли барқи 500 - киловолтаи “Ҷануб-Шимол” пайваст карда шуда, якчанд хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла хатти интиқоли барқи Хуҷанд-Айнӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки барои системаи энергетикии кишвар аҳамияти муҳим доранд.

Тӯли солҳои истиқлолият дар қаламрави вилоят 89 адад нерӯгоҳҳои барқи обии хурд сохта шудааст, ки аксари онҳо аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудаанд.

Дар баробари ин, тибқи «Барномаи дарозмуддати сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои хурд дар давраи солҳои 2009-2020» бояд дар ҳудуди вилояти Суғд боз 46 нерӯгоҳи барқи обии хурд сохта шавад.

Бинобар ин, Вазорати энергетика ва саноат, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои барномаи мазкур тадбирҳои муассир андешанд.

Дар самти ҳалли масъалаҳои бо барқ таъмин кардани вилоят 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз ду миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дошта, то имрӯз беш аз як миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст.

Соли ҷорӣ бо ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар вилояти Суғд идома дошта, боз якчанд лоиҳаҳои нав оғоз хоҳанд ёфт. Дар доираи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар давраи солҳои 2013-2015 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят «Сохтмони хатҳои минтақавии интиқоли барқ» ба нақша гирифта шудааст.

Дар баробари ин, вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марбута вазифадоранд, ки ҷиҳати пурраву босифат ба анҷом расонидани ҷараёни таъсиси ҳалқаи ягонаи энергетикии кишвар ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои амалишудаистода чораҳои мушаххас андешанд.

Инчунин зарур аст, ки вобаста ба сохтмони иқтидорҳои хурду миёнаи энергетикӣ доир ба истифодаи технологияи каммасраф, ба роҳ мондани сарфакории ҳамаҷониба, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар ин замина беҳтар гардонидани ҷамъоварии маблағҳои нерӯи барқи истифодашуда тадбирҳо амалӣ карда шаванд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати таъмиру барқарорсозӣ ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани иншооти соҳа, бартараф кардани талафоти аз меъёр зиёди барқ ва хусусан ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода омода кардани иншооти барқу гармидиҳӣ ва захираи сӯзишворӣ дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ, инчунин аҳолӣ мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.

Бояд ҷиҳати омодагии тамоми иншооту соҳаҳо ва ҳар як оила ба мавсими зимистон аз ҳоло тайёрии ҷиддӣ дида шавад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Маҳз дар натиҷаи тадриҷан амалӣ гардидани иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар самти ноилшавӣ ба ҳадафи стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат маҷмааи нақлиётии вилояти Суғд дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ куллан тағйир ёфта, шабакаи нақлиётии вилоят аз як сохтори маҳдуди дохилӣ раҳо гардид. Имрӯз робитаи доимии нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоии вилоят бо ҳамаи манотиқи кишвар ва берун аз он дар тамоми мавсими сол таъмин гардидааст.

Бори дигар ёдовар мешавам, ки дар ин муддат калонтарин лоиҳаҳо, аз ҷумла доир ба бунёди нақбҳои мошингарди Истиқлол, Шаҳристон ва роҳи автомобилгарди Душанбе –Бӯстон- Чанок амалӣ гардида, лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Айнӣ–Панҷакент тибқи нақша идома дорад.

Бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак татбиқи лоиҳаи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бустон-Чанок бо дарозии 335 километр, 2 адад нақб, аз ҷумла нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Дӯстӣ” бо дарозии умумии беш аз 21 километр ба анҷом расонида шуд.

Инчунин дар доираи ин лоиҳа 40 адад пул ва 21 адад долонҳои зидди тарма бо дарозии умумии зиёда аз 3,4 километр сохта, ба истифода дода шуданд.
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Айнӣ - Панҷакент ба масофаи 113 километр ва 31 адад пул ба маблағи лоиҳавии 650 миллион сомонӣ идома дошта, тибқи нақша соли 2015 анҷом дода мешавад.

Бинобар ин, Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ҷиҳати бо сифати баланд бунёд намудани роҳи мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар маҷмӯъ танҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии бунёд ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар мамлакат 23 лоиҳа ба маблағи 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудаааст, ки 50 фоизи онҳо ба вилояти Суғд рост меоянд ва маблағи умумии онҳо зиёда аз 1,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ барои сохтмони асосӣ аз соли 2005 то инҷониб ба маблағи умумии 37 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар 21 иншооти роҳу нақлиёт корҳои сохтмону барқарорсозӣ анҷом дода шудаанд.

Танҳо дар зарфи 14 соли охир барои таъмини нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар вилоят аз ҳисоби буҷети марказӣ 64 миллион сомонӣ ҷудо гардида, маблағҷудокунӣ барои нигаҳдории роҳҳо дар соли 2013 нисбат ба соли 1999-ум 10 баробар афзудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати таъмиру азнавсозии роҳҳои дохиливу байнишаҳрӣ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Масалан, дар ҳафт соли охир роҳҳои маркази шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 85 миллион сомонӣ азнавсозӣ гардида, соли 2013 барои барқароркунии роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта танҳо аз ҳисоби буҷети вилоят беш аз 40 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Як – ду рӯз пеш азнавсозии роҳҳои маркази ноҳияҳои Ғончӣ ва Ашт оғоз гардид ва ин кор бояд то охири сол ба анҷом расонида шавад.

Вобаста ба ин, Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои вилоят, байни деҳоту маҳалҳои аҳолинишин ва нигоҳубин кардану дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдшуда, аз ҷумла роҳи Душанбе - Чанок тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Дӯстони гиромӣ!

Соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат нақши муҳим мебозад.

Соли 2012 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар муқоиса бо соли 1992 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.

Истеҳсоли маҳсулоти асосӣ, аз ҷумла ғалла ду баробар, картошка - 18,7 баробар, сабзавот - 2,8 баробар, полезӣ - 7, меваҷот - 2,3 баробар ва гӯшту шир қариб се баробар афзудааст.

Соҳаи кишоварзии вилоят асосан аз соли 2006 рӯ ба тараққӣ намуда, дар ин давра сол аз сол зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсол ва маҳсулнокии соҳа мушоҳида карда мешавад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар натиҷаи васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва гирифтани ду - се ҳосил аз як замини обӣ ҳамасола истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат афзоиш ёфта, бозори истеъмолии кишвар дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта шуд ва мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ, яъне таъмини амнияти озуқавории мамлакат наздик шуда истодаем.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ғалладонагӣ ва меваю сабзавот, сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ, истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва дар ин замина таъмин намудани талаботи бозори истеъмолии кишвар чораҳои мунтазам андешанд.

Бо мақсади таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, иҷрои барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ ва ба як миллион тонна расонидани истеҳсоли он дар кишвар бо супориши Президенти мамлакат соли 2012 майдони кишти он дар миқёси вилоят ба зиёда аз 15 ҳазор гектар расонида шуда, 381 ҳазор тонна картошка бо ҳосилнокии 255 сентнер аз ҳар гектар истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 1992 ҳаҷми истеҳсол 19 баробар ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 137 сентнер зиёд мебошад.

Ҳол он, ки дар соли 1992 истеҳсоли картошка дар вилоят ҳамагӣ 20 ҳазор тоннаро ташкил карда буд.

Хотирнишон месозам, ки имконияти боз ҳам васеъ намудани истеҳсоли картошка дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла дар шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан, ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Ғончӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мавҷуд аст.

Вобаста ба ин, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани майдони кишт, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат, нуриҳои маъданӣ, васеъ гардонидани бозори фурӯши маҳсулот ва захираи он мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, Корхонаи давлатии «Тоҷикагролизинг» вазифадор карда мешавад, ки барои таъмин намудани хоҷагиҳои картошкапарвар бо техника ва таҷҳизоти зарурӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

То имрӯз бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва барқарорсозии боғу токзорҳои куҳна дар ҳудуди вилоят корҳои назаррас амалӣ шудаанд.

Айни замон майдони боғу токзорҳои вилоят зиёда аз 70 ҳазор гектарро ташкил менамояд, ки ин рақам нисбат ба соли 1992-ум 24 ҳазор гектар зиёд буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин давра 80 ҳазор тонна ё қариб ду баробар зиёд гардидааст.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо бо азми соҳибкорони ватанӣ меваҷоти тару тоза ва коркардшуда дар хориҷи кишвар бозори худро пайдо карда, муаррифгари кишварамон гардидааст.

Коркарди саноатии мева, агар аз як тараф ба гирифтани даромади бештар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар воситаи муҳими афзоиши иқтидори содиротии кишвар мебошад.

Тибқи маълумот дар соли 2012 аз ҷониби соҳибкорон ба миқдори садҳо ҳазор тонна меваи тару тоза ва хушк ба хориҷи кишвар содир карда шудааст, ки нисбат ба соли 1991 даҳҳо баробар зиёд мебошад.

Бинобар ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки дар баробари бунёди боғу токзорҳои нав, барқарорсозии боғҳои куҳна ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли мева ба масъалаи ҳарчи бештар ба роҳ мондани коркарди саноатии он аҳамияти махсус диҳанд.

Такроран таъкид менамоям, ки ба масъалаи бартарафсозии ҳама гуна монеаҳои маъмурӣ дар самти воридоти технологияи пешрафтаи истеҳсолӣ эътибори ҷиддӣ дода, ташаббусҳои созандаи соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати ба кор андохтани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо технологияҳои замонавӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда шавад.

Ҳамчунин, Вазорати кишоварзӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки барои таъмин намудани захираи хӯроки чорво ҳамаи имкониятҳоро истифода намуда, барои иҷрои супориши дар Паёми соли гузашта таъкидгардидаи Президенти мамлакат ҷиҳати дар панҷ соли оянда бо гӯшту шири ватанӣ таъмин намудани аҳолии кишвар ва умуман ҳарчи беҳтар таъмин кардани талаботи мардум бо маҳсулоти ғизоии худӣ тадбирҳои мунтазамро амалӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як оила бояд захираи дусолаи маводи озуқавориро дошта бошад.
Масъалаи дигаре, ки андешидани чораҳои бетаъхирро аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор тақозо дорад, ҳолати мелиоративии заминҳо ва бо об таъмин намудани кишти зироатҳо мебошад.

Аз 170 ҳазор гектар заминҳои обии вилоят 70 фоизашон тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ обёрӣ карда мешавад.

Ҳоло аз шумораи умумии пойгоҳҳои обкашӣ 93 фоиз, дастгоҳҳои обкашӣ 71 фоиз ва чоҳҳои амудӣ 44 фоиз дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Ҳол он, ки рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ пурра аз фаъолияти мунтазами иншооти обрасонӣ вобастагии мустақим дорад.

Дар давоми солҳои 2006 - 2012 ҷиҳати беҳдошти ҳолати заминҳои корам ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникӣ, пойгоҳу насосҳои обкаш аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 70 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсиониву грантҳо 141 миллион сомонӣ сарф карда шудааст, аммо то ҳанӯз ҳолати мелиоративии заминҳо ва таъмини хоҷагиҳо бо об беҳбудии куллиро талаб менамояд.

Дар асоси барномаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати мамлакат солҳои 1992- 2012 дар вилоят беш аз 6 ҳазору 700 гектар заминҳо азхуд карда шуда, ҳолати мелиоративии 13 ҳазору 500 гектар замин беҳтар карда шудааст.

Тибқи маълумот то аввали соли 2013 дар вилояти Суғд 30 ҳазор гектар заминҳо дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доранд.

Аз ин рӯ, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки доир ба ҳалли масъалаи пардохти қарзи хоҷагиҳо аз ҳисоби хизмати обрасонӣ тадбирҳои заруриро амалӣ сохта, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ба кор даровардани иншооти гидротехникӣ, беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин азхудкунии заминҳои нав чораҳои зарурӣ андешанд.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар барои таъмини шаҳрвандони вилоят бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва сохтмони манзили истиқоматӣ қариб 36 ҳазор гектар замин тақсим карда шудааст.

Дар чор соли охир барои таъмини эҳтиёҷоти шаҳрвандон ба замини наздиҳавлигӣ ва инфрасохтори дигари зарурӣ 12 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, то имрӯз қариб панҷуним ҳазор гектари он ба 72 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим карда шудааст, ки ин ба беҳтаршавии шароити зиндагии беш аз 600 ҳазор нафар мусоидат намуд.

Хотирнишон месозам, ки агар майдони заминҳои наздиҳавлигии ҳудуди вилоят дар соли 1991 ҳамагӣ 24 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли равон ба 60 ҳазор гектар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 36 ҳазор гектар зиёд мебошад.

Ҳарчанд ки имрӯз эҳтиёҷоти аҳолии вилоят ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ асосан қонеъ гардонида шудааст, вале ин ҳоло маънои пурра ҳал гардидани масъаларо надорад.

Зеро аҳолии кишварамон сол аз сол зиёд гардида, таъмин намудани онҳо бо қитъаи замин ва манзили истиқоматӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро зарур аст, ки якҷо бо сохторҳои дахлдор ҳангоми интихоби қитъаҳои замин барои маҳалҳои аҳолинишин ҷудо намудани қитъаҳои заминро аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ба асос гирифта, нақшаи генералии ин минтақаҳоро бо дарназардошти таъмини инфрасохтори зарурӣ тарҳрезӣ намоянд.

Зарур аст, ки дар ин қитъаҳо шаҳрчаҳои замонавии ҷавобгӯ ба талаботи муосири меъмориву шаҳрсозӣ бунёд карда шавад.

Вобаста ба ин, як масъалаи муҳимро таъкид месозам, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо кӯшиш доранд, то заминҳои тибқи қарорҳои Ҳукумат ҷудошударо ҳарчи зудтар тақсим кунанд.

Ҳол он, ки ин заминҳо бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёдшавии оилаҳои мустақил ҷудо карда шудаанд.

Бинобар ин, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ, инчунин масъулони комиссияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки масъалаи роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ ва тақсими одилонаи заминро ба шахсони воқеан эҳтиёҷманд зери назорати доимии худ қарор диҳанд.

Ҳамзамон бо ин, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав ва барқарор кардани майдони заминҳои тақсимшуда тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Инчунин Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ба мақсади омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати дар ҳаҷми зарурӣ захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроки чорво чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини арҷманд!

Фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осудаи мардум ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва ба ин васила кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ дар мамлакат, бахусус дар минтақаҳои кишвар як ҷузъи муҳимтарини ин сиёсат мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ айни замон шумораи аҳолии вилоят зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор нафар буда, як миллиону 300 ҳазор нафар қувваи қобили меҳнатро ташкил медиҳад. Аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъоли вилоят 821 ҳазор нафар мебошад.

Тӯли се соли охир бо дарназардошти вазифагузориҳо дар паёмҳои Президент ба мақоми олии қонунгузор ва қарорҳои дахлдори Ҳукумат, ҳамчунин дар доираи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва бахши хусусӣ қариб 136 ҳазор нафар шаҳрвандони вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Инчунин дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ташкилоту корхонаҳо 68 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 34 ҳазор нафар дар марказҳои таълими касбии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб гардидаанд.

Дар самти касбомӯзии шаҳрвандон, аз ҷумла занону духтарон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 11 филиали марказҳои таълими калонсолон таъсис дода шудааст, ки то имрӯз дар онҳо зиёда аз 26 ҳазор нафар занону духтарони хонашин соҳиби касбу ҳунар гардидаанд.

Илова бар ин, дар доираи татбиқи барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофиву зардӯзӣ зиёда аз 250 нафар занону духтарон соҳиби кори доимӣ гардида, ҳоло 170 нафари онҳо бевосита бо қолинбофӣ машғуланд.

Дар заминаи барномаи зикршуда ташкил намудани чунин коргоҳҳо барои занону духтарони хонашин бояд дар маркази диққати масъулони шаҳру ноҳияҳои вилоят бошад.

Вобаста ба ин, ба Вазорати энергетика ва саноат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки бо мақсади барқарор намудан ва рушди қолинбофӣ дар мӯҳлати шаш моҳ Барномаи рушди қолинбофиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

Мо дирӯз аз корхонаи қолинбофии Қайроққум дидан намудем, ки дар он ҳоло 1200 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Дар ин корхона бо истифода аз технологияи замонавӣ истеҳсоли маҳсулоти босифат ба роҳ монда шудааст ва дар назар аст, ки дар давоми се соли оянда ҳаҷми истеҳсол ба 4-5 миллион метри мураббаъ ва шумораи коргарон ба се ҳазор нафар расонида хоҳад шуд.

Ҳоло зиёда аз 226 ҳазор нафар шаҳрвандони вилоят дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки аксари онҳо низ қабл аз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дар марказҳои зикршуда ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Вале тавре ки зикр намудам, бо вуҷуди ташкили ҷойҳои нави корӣ то ҳол захира ва имкониятҳои вилоят барои бо ҷойи кор таъмин намудани ҳазорҳо нафар бекорон пурра истифода нашудаанд.

Дар давоми солҳои 1992-2012 дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 400 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо қариб 100 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Танҳо соли ҷорӣ сохта, ба истифода супоридани 69 муассисаи таълимӣ бо 13 ҳазору 700 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 102 миллион сомонӣ дар назар аст.

Айни замон теъдоди мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят 905 адад буда, шумораи омӯзгорон 32 ҳазор нафар ва хонандагон 464 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Падидаи нави даврони истиқлолият ба фаъолият оғоз кардани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ мебошад, ки ин раванд рақобати солимро дар байни муассисаҳои таълимӣ ба вуҷуд овардааст.

Дар давоми 10 соли охир шумораи мактабҳои ғайридавлатӣ дар вилоят ду баробар ва теъдоди хонандагони онҳо 4,4 баробар афзоиш ёфтааст, ки мо минбаъд низ идомаи чунин шакли таълимро дастгирӣ менамоем.

Дар соли хониши 2012-2013 литсею гимназия ва мактабҳои хусусӣ 33 ҳазору 860 нафар хонандагони болаёқатро ба таълим фаро гирифтаанд, ки нисбат ба 10 соли пеш 8 ҳазору 800 нафар зиёд мебошад.

Айни замон дар 6 мактаб – парваришгоҳҳои дар қаламрави вилоят фаъолиятдошта зиёда аз 1000 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба тариқи ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки кормандони соҳаи маорифи вилоят ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар рисолат ва вазифаҳои касбии худро сарбаландона иҷро менамоянд.

Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят доир ба бунёди иншооти соҳаи маориф нишон медиҳад, ки то имрӯз сохтмони баъзе мактабҳои дар нақша чорабиниҳои тасдиқгардида дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин карда нашудааст.

Аз ин рӯ, Вазорати маориф, роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаи маорифи вилоятро зарур аст, ки барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ намудани сатҳи касбии донишҷӯён чораҷӯӣ карда, ба амалияи бидуни талаботи воқеии бозори меҳнат омода кардани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои якхела хотима бахшанд ва доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорону устодони дараҷа ва унвони илмидошта, инчунин шароити мусоиди зиндагиву фаъолияти онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар баробари ин, ҳоло зарур аст, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани муассисаҳои мавҷудаи таҳсилоти умумии деҳотро тақвият бахшида, барои дар деҳоти кишварамон бунёд намудани мактабҳои нави замонавӣ ва майдону толорҳои варзишӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем.

Соли 1991 дар вилояти Суғд ҳамагӣ як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекард. Ин нишондиҳанда дар соли 2012 ба 7 адад расида, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят 34 ҳазору 600 нафар донишҷӯён аз рӯи 63 ихтисос таҳсил менамоянд.

Илова бар ин, дар даҳ соли охир беш аз 1500 нафар ҷавонони вилоят бо роҳхатҳои давлатӣ барои гирифтани таҳсилоти олӣ ва касбу ҳунар ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд.

Аз соли 1997 то соли 2012 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд қариб 2 ҳазор нафар духтарону писарон аз минтақаҳои дурдасти вилоят тариқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумат ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон ва занон мақоми хоса дошта, барои таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа чораҳои муассир андешида мешаванд.

Имрӯз шумораи ҷавонони вилоят қариб 780 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Айни замон 38 ҳазор нафари занон соҳиби таҳсилоти олӣ ва зиёда аз 200 ҳазор нафар дорои шуғли доимӣ буда, 200 нафар дар мансабҳои давлатӣ ба ҳайси роҳбар фаъолият доранд.

Дар мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят 20 ҳазор ё 61 фоизи омӯзгоронро занон ташкил медиҳанд.

Таҳлили сифатии ҳайати омӯзгорони вилоят нишон медиҳад, ки 10 ҳазору 200 нафар занон дорои таҳсилоти олии омӯзгорӣ мебошанд, ки ин омил барои тарбияи насли ҷавон ва татбиқи Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мусоидат менамояд.

Дар шаш шаҳру ноҳияи вилоят мудирони шӯъбаи маориф, директорони 252 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 20 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҳисоби занон таъин шудаанд.

Инчунин 10 нафар доктори илм ва 110 нафар номзадҳои илм аз ҳисоби занон буда, дар риштаҳои мухталифи илму маорифи вилоят фаъолият доранд.

Иқдому ташаббусҳои созандаи бонувони вилоят низ қобили қайд аст. Маҳз бо ширкати фаъолонаи онҳо дар давраи соҳибистиқлолии кишвар садҳо сехҳои истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода шуда, дар онҳо зиёда аз 4000 нафар занон бо кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ шумораи муассисаҳои тандурустии вилоят низ тадриҷан афзоиш ёфта, дар ин муддат 121 муассисаҳои тиббии нави замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин 581 муассисаи тиббӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, барои фаъолияти босамари табибони вилоят тамоми шароити мусоид фароҳам гардидааст.

Бо вуҷуди дастовардҳо дар соҳаи тандурустии вилоят ҳанӯз ҳам баъзе мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб ба мушоҳида мерасад.

Бинобар ин, ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти соҳаи тандурустӣ, махсусан дар самти норасоии кадрҳо, ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон ва таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят бо таҷҳизоти муосири тиббӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дӯстони азиз!

Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус пешгирӣ ва рафъи ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва фаъолияти таҳрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ буда, сохтору мақомоти зикршуда тӯли солҳои охир дар ҳамкории муштарак тадбирҳои заруриро дар самти коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ анҷом додаанд.

Вале таҳлилҳо собит менамоянд, ки баъзе намудҳои ҷинояткорӣ дар ҳудуди вилоят, аз қабили ҷиноятҳои аз тарафи гурӯҳҳои муташаккил содиршуда, одамкушӣ, гаравиш ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта рӯ ба афзоиш дошта, ҳолати ошкор нашудани кушторҳо ва тӯлонӣ будани рафти корҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ мушоҳида мегардад.

Дар давраи солҳои 2007-2012 ва панҷ моҳи соли 2013 аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 1800 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии характери коррупсионидошта, аз ҷумла доир ба истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиву инвеститсионӣ ошкор ва ба маблағи 127 миллион сомонӣ зарари моддӣ барқарор карда шудааст.

Дар давоми солҳои 2000-2012 ва се моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят 8 тоннаву 670 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки аз ин миқдор 4 тоннаву 170 килограмм героин мебошад.

Дар ҳамин давра 3770 нафар сокинони вилоят барои ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ки аз ин шумора 37 нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Дар давоми солҳои 2004-2012 ва се моҳи соли равон 728 нафар сокинони вилоят бо ҷурми даст доштан ба интиқоли маводи мухаддир берун аз ҳудуди кишвар дастгир шудаанд.

Маълумоти мақомоти дахлдор нишон медиҳад, ки ҳарчанд дар давоми бист соли охир ҷинояти куштор дар миқёси вилоят коҳиш ёфтааст, вале баъзан кушторҳои мудҳише рух медиҳанд, ки мислаш дар замони пешин кам ба мушоҳида мерасид. Ҳамаи шумо дар хусуси куштори пурраи як оила дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров огоҳ ҳастед.

Вобаста ба ин, аз тамоми воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қатъиян талаб карда мешавад, ки барои ҳарчи зудтар ошкор намудани ин ҷинояти мудҳиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар давоми панҷ соли охир 1240 ҷиноятҳои аз ҷониби ҷавонон содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки 551 адади онҳо танҳо дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Боиси таассуф аст, ки инсоният дар ибтидои асри бистуяк ба торафт шиддат гирифтани хатари ифротгароӣ ва терроризм, ки ба амнияту оромии бисёр кишварҳои олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ шуда истодааст.

Воридшавии мавҷи пуртазоду пурталотуми фарҳанги бегона ба ҳаёти осоиштаи халқу миллатҳои сайёра ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.
Ҳамон тавре ки эҳсос мекунед, раванди таблиғи аъмоли зишт ва барои фарҳанги миллии мо бегона тавассути расонаҳои иттилоотӣ афзоиш ёфта истодааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар марҳалаи навини рушди худ қарор дорад ва ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нисбат ба чунин масъалаҳои ҷиддӣ набояд бетарафӣ зоҳир намояд.

Мусаллам аст, ки қонунгузории Тоҷикистон озодии виҷдон ва андешаву рафторро кафолат медиҳад, вале ин озодӣ маънои онро надорад, ки фирефтаи арзишҳои фарҳанги ифротгарои бегона шуда, аз суннат ва арзишҳои волои хеш дур шавем.

Рух додани амалҳои носолим аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида ҳамчун воситаи тарсонидани мардум ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои зишту нопоки онҳо гузаронида мешаванд.
Яке аз чунин амалҳои хатарнок зуҳури ифротгароии диниву мазҳабӣ мебошад, ки айни замон ҷомеаи ҷаҳонро нигарон намудааст.

Аз соли 2000 – ум то инҷониб дар қаламрави вилоят фаъолияти ғайриқонунии 570 нафар аъзои ҳизбу созмонҳои террористӣ пешгирӣ карда шуда, 130 нафар пешвоён ва аъзои чунин гурӯҳҳо дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

17 нафар паҳнкунандагони ғояҳои экстремистии динӣ боздошт шудаанд, ки аз онҳо теъдоди зиёди адабиёт, варақа, фитта ва китобу маҷаллаҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ ва тарғиби шомилшавӣ ба равияҳои бегонаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мусодира гардидааст.

Ҳамчунин ҳолатҳои ба созмонҳои террористӣ аъзо шудани даҳҳо нафар сокинони вилоят ошкор гардидааст, ки аз ҷониби аъзои ин созмонҳо дар қаламрави вилоят тайи солҳои 2006 – 2009 –ум 8 ҷинояти махсусан вазнин содир шудааст.

Аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ 3 адад воситаҳои нақлиёти сабукрави бо моддаҳои тарканда ҷиҳозонидашуда дар наздикии идораҳои маъмурии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ҷойгиркардашуда ёфта ва безарар гардонида шуд.

Танҳо вобаста ба амалҳои ғайриқонунии 109 нафар аъзои “Ҳизб-ут-Таҳрир” 58 парванда оғоз гардида, аз онҳо 12 ҳазору 400 адад адабиёту варақаҳои таблиғотии экстремистӣ дарёфт карда шудаанд.

Аз ин рӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ вазифадоранд, ки вазъи иҷрои қонунҳоро дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои пешгирӣ, ошкор ва тафтиш намудани чунин ҷиноятҳо пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Бо мақсади тарғиби дурусти фарҳанги пурғановати тоҷикон, мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, осори гаронмояву пурарзиши гузашта ва раҳнамоии насли ҷавон барои азхуд кардани илму дониш ва касбу ҳунар, инчунин тарзи ҳаёти солим моро зарур аст, ки ба се омили муҳими тарбияи инсони комил, яъне оила, мактаб ва ҷомеа аз ҳарвақта дида, эътибори ҷиддӣ диҳем.

Аз маълумоти мавҷуда бармеояд, ки барои иҷро накардани масъулият ва монеъ гардидан ба таҳсили ноболиғон 145 нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 68 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Дар давоми соли 2012 дар вилоят 139 нафар ва дар 5 моҳи соли ҷорӣ 349 нафар волидайни ноболиғон барои риоя накардани Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Асоси ободии ҷомеа ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд аз тарбияи инсони солим ва бофарҳангу эҷодкор вобаста мебошад. Вале тарбияи инсони комил берун аз оилаи солим муяссар нахоҳад шуд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ роҷеъ ба тарбияи фарзанд овардааст, ки тарбияи фарзанди солеҳ нахуст аз нони ҳалоли падару модар оғоз шуда, баробари пайдо шудани тифл дар батни модар муносибати нек ва эҳтиромонаро байни ҳамсарон талаб мекунад.

Гузоштани номи нек, таъмини ғизо, тарбияи неки фарзанд ва таълими илм низ аз вазифаҳои асосии волидайн мебошад.

Бо риояи одоби ниёгон ва бо мақсади ба воя расонидани насли солим мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намудем.

Раванди амалӣ гардидани қонуни мазкур нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам баъзе падару модарон аз мақсаду муҳтавои он хуб огоҳ набуда, ба иҷрои ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонуни мазкур муносибати ҷиддӣ зоҳир намекунанд.

Такроран таъкид менамоям, ки зарурати қабули чунин қонун фароҳам овардани ояндаи дурахшони фарзандон ва ҷомеаи воқеан орому осоишта буда, роҳнамои асосии падару модар барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон мебошад.

Вақтҳои охир ба амалҳои нангини террористӣ ва худкушӣ даст задани бархе аз шаҳрвандон, ки барои миллати тоҷик бегона аст, моро ба ташвиш овардааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки чунин амалҳои нангинро ҷавонони мо берун аз кишвар омӯхта, номи худ ва миллатро доғдор месозанд.
Яке аз сабабҳои ба чунин амалҳо даст задани ҷавонон онҳоро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар гӯё барои таълими динӣ ба мактабҳо ва устодони ноозмуда фиристодани падару модарон мебошад.

Аксари онҳоеро, ки имрӯз ба ватан баргардондем, ҳатто ба забони тоҷикӣ хонда ва навишта наметавонанд.

То имрӯз 17 нафар ҷавонони вилоят ғайриқонунӣ таҳсилро дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ давом дода истодаанд.

Ҳол он, ки дини мубини ислом танҳо ибодат ва таълими динӣ набуда, пеш аз ҳама, сарчашмаи арзишҳои бузурги маънавӣ, аз қабили некиву саховатмандӣ, инсондӯстиву адолатпарварӣ ва илмомӯзиву таҳаммулгароӣ мебошад.

Таъкидан иброз менамоям, ки бузургтарин рисолати падару модарон ва вазифаи муқаддаси ҳар як оила ва ҷомеа, пеш аз ҳама, таълиму тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, дорои ахлоқу одоби ҳамида ва ҳунарманду соҳибкасб мебошад.

Зеро Ватанро танҳо чунин шахсон метавонанд ободу пешрафта гардонанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳар вақт зимни сафарам ба вилояти Суғд дар баробари истиқболи гарму самимӣ ва меҳру муҳаббати мардуми ин гӯшаи диёрамон, инчунин аз ташаббусҳои наву созанда огоҳ мешавам.

Ин ташаббусу дастгириҳо аз он далолат мекунанд, ки сокинони меҳмоннавозу сарбаланд ва заҳматкашу ободгари вилоят пуштибони воқеии сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Ёдовар мешавам, ки мову шумо зимни гузоштани бунёди пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон фаъолиятро маҳз дар ҳамин мавзеъ аз сулҳ оғоз намудем ва бо пуштибониву заҳмати созандаи халқи ободгарамон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ба ин рӯзҳои осуда расидем.

Аз ин лиҳоз, мову шумо вазифадорем, ки минбаъд низ фарҳанги волои сулҳофарӣ ва иқдомҳои неки созандаву бунёдкориамонро боз ҳам тақвият бахшем.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ба масъалаи вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, кӯчаву хиёбонҳо, ташкилоту корхонаҳо, маркази шаҳру ноҳияҳо ва умуман ҳар як хонаву кошона бояд ҳамчун анъанаи неки аҷдодӣ аҳамияти доимӣ дода шавад.

Дар баробари ин, дар арафаи иду ҷашнҳо, аз ҷумла Рӯзи ваҳдати миллӣ ва моҳи мубораки рамазон ғамхориву кӯмак ба ятимону маъюбон, пирону шахсони бесаробон, оилаҳои камбизоат ва дигар одамони мӯҳтоҷу ниёзманд аз ҷумлаи корҳои хайру савоб мебошад ва роҳбарону фаъолон, соҳибкорону шахсони саховатпеша бояд дар ин кори нек намуна бошанд.

Тӯли ин солҳо шумо дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дастгирӣ намуда, онро бо ниятҳои созандаву ободкорӣ дар амал татбиқ намудед.

Маҳз меҳнати содиқона ва софдилона ва иродаи созандагии шумо буд, ки ин гӯшаи биҳиштосои диёрамон ба макони муаррифии дастовардҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва саноатӣ мубаддал гардидааст.

Маҳз кору пайкори садоқатмандонаву ватандӯстонаи шумо ва кулли мардуми мамлакат буд, ки мо дар давоми солҳои сарнавиштсоз аз буҳронҳои сангини сиёсиву иқтисодӣ раҳоӣ ёфта, ба шоҳроҳи рушди устувори иқтисодӣ ворид шудем.

Баъзе мушкилоте, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар зиндагии ҳаррӯзаи худ эҳсос мекунанд, гузарандаву муваққатӣ мебошанд ва мо онҳоро солҳои наздиктарин бо заҳмати аҳлонаву сарҷамъонаи худ, иншоолоҳ, бартараф мекунем.

Ман ба азму иродаи қавии мардуми меҳнатқарину сарбаланд, ҷавонони бонангу номус, падару модарони хирадманду рӯзгордида ва зиёиёни ватандӯсти мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд итминони комил дорам ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ дар бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи зиндагӣ ва амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Итминон дорам, ки бо ғайрату матонати ватандӯстонаи халқи сарбаланду созандаи тоҷик ва дастовардҳои меҳнатии имрӯзаамон дар соҳаҳои гуногун Тоҷикистони азизи мо дар ояндаи наздик ба як мулки ободу пешрафта табдил меёбад.

Бовар дорам, ки насли имрӯзаи сулҳхоҳу ободкори Ватани муқаддасамон рисолати таърихии ба дӯш гирифтаашонро хуб эҳсос менамоянд ва пайроҳаи тайнамудаи Спитамену Темурмалик, Деваштиҷу Муқаннаъ, Рӯдакиву Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳо абармардони бошарафи ин гӯшаи диёрамонро идома медиҳанд.

Дар фарҷоми сухан бори дигар ба ҳамаи шумо - сокинони иззатманду матинирода ва меҳмоннавозу заҳматпешаи вилояти Суғд барои истиқболи гарму қадрдонии самимиатон изҳори сипос менамоям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳату рӯзгори обод ва дар ҷодаи ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон барори кор орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520